Лоиҳаҳои Тоҷикистон аз ҷониби БИР сармоягузорӣ мешаванд

Як қатор лоиҳаҳои Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва ғайраҳо аз ҷониби БИР (Бонки Исломии Рушд)сармоягузорӣ хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Имрӯз роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти БИР Аҳмад Муҳаммад Алӣ  дар Ҷакартаи Индонезия мулоқот кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафари сеюми Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ, таъсиси Фонди ҳаёт ва маблағҳо барои ҳаёт, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ва дигар фондҳои шарик бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни давлатҳои аъзои Бонк таъсис дода шудааст дар шароити таъсири ногувори буҳрони молиявӣ ба иқтисоди ҷаҳон иқдоми муҳим арзёбӣ шуд. Доир ба идомаи ҳамкорӣ дар сохтмон ва навсозии қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Қулма таклифу пешниҳодоти судманд баён карда шуд.

"Таъкид гардид, ки бо дарназардошти нақши муҳими БИР дар маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки ба рушди минтақавии кишвари мо мусоидат менамояд, ҳукумати Тоҷикистон ба БИР барои солҳои 2016-2018 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт 9 лоиҳаи афзалиятнокро муайян намуда, таҳкими муштаракоти дуҷонибаро дар доираи Барномаи махсуси Бонки Исломии Рушд барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2016-2020 муҳим ва саривақтӣ меҳисобад",-омадааст дар иттилоия.

Аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ иқдоми муҳими таҳкимбахшандаи ҳамёрии дуҷониба арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки ҷонибҳо ба таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои наву афзалиятнок, аз ҷумла мусоидат ба раванди барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ, бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилгард, рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала