Кордкашии шахси номаълум ба роҳгузарон. Дар Лондон.

Обуна шудан
Навор аз ҷои ҳодиса. Марде ба сӯи роҳгузарон дар Лондон кор кашида як нафарро ба ҳалокат расонид ва панҷ тани дигарро захмӣ кардааст. Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса қарор доранд.

Дар ҷои ҳодиса, ки рӯзи чоршанбе соати 22.30 бо вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст наздики шаш нафар дарёфт шуданд. Пулиси маҳаллӣ хабар медиҳад, ки  яке аз захмишудагон дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Ҷинояткор дастгир гардид. Ӯ марди 19 сола буда, айни ҳол дар беморхонаи муассисаи нигоҳдории муваққатӣ қарор дорад. Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки эҳтимолан ин ҷавон гирифтори бемории рӯҳӣ бошад.

"Тибқи маълумоти пешакӣ бемории рӯҳӣ сабаби даст задани ҷавон ба кордкашӣ шудааст",-қайд мекунад мақомоти пулис.

Вале мақомоти пулис дар навбати аввал ҳодисаро чун амалиёти террористона тафтиш мекунад.

Раиси шаҳри Лондон Содиқ Хон аз сокинони пойтахти Британия дархост намуд, то оромиро нигоҳ доранд ва минбаъд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0