Дар Астрахан муҷассамаи Умар Хайём гузошта шуд

© Сайт администрации Астраханской областиМуҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан
Муҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввалин муҷассамаи шоири форсу тоҷик Умар Хайём дар Русия дар шаҳри Астрахан гузошта шуд. Ҳайкал дар боғи донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Астрахан дар рӯ ба рӯи шоири туркман Маҳтумқулӣ Фраги гузошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Чуноне хадамоти матбуоти губернатори вилояти Астрахан иттилоъ медиҳад, муҷассама аз ҷониби губернатори минтақа Александр Жилкин ва генерал губернатори вилояти Гилон Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ ифттитоҳ гардид.

Ёдгории шоири барҷастаи ҷаҳонӣ бо ибтикори палати савдо, захираҳо ва кишоварзии вилояти Эрон, ки бо Астрахан муносибатҳои гуногунҷабҳаи таърихӣ доранд, омода карда шудааст.

© Сайт администрақии Астраханской областиМуҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан
Муҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан - Sputnik Тоҷикистон
Муҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан

Муҷассамаи шоир ва олими нотакрор бо вазни 1,5тонна ва баландии 4,3 метр дар Екатеринбург бозсозӣ шудааст. Муаллифи ёдгорӣ ҳайкалтарош аз Челябинск Сергей Воробёв буда, бино ба гуфти ӯ муҷассама дар давоми ҳафт моҳ омода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳайкали шоиру олими нотаркрори форсу тоҷик Умар Хайём дар баробари  Астрахан ҳамчунин дар Теҳрон, Душанбе, Ашқобод, Бухарест, Вена ва дигар манотиқи ҷаҳон қомат афрохтааст.

Ҳамчунин моҳи июни соли 2009 ҳукумати Эрон маҷмуаи ҳайкалҳои шоирони форсу тоҷик Умар Хайём, Ибни Сино,Закариё Розӣ ва Абурайҳон Беруниро, чун разми пешрафти илмии мусоламатомез бо қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена тӯҳфа кардааст.

© Амина ИсхакиҲайкали Умар Хайём дар қароргоҳи СММ дар Вена
Омар Хайям - философ, математик, астроном, поэт. Статуя на территории штаб-квартиры ООН в Вене - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайкали Умар Хайём дар қароргоҳи СММ дар Вена
Лентаи хабарҳо
0