Дар Узбакистон шабакаи нави телевизионӣ “Milliy” фаъол шуд

© Sputnik / Мария Плотникова / Гузариш ба медиабонкТамошобини телевизион. Акс аз бойгонӣ
Тамошобини телевизион. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тариқи шабакаи ҷадид сурудҳо ва кплипҳои овозхонон ва барномаҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа пахш мегарданд. Дар баробари ин дар барномаи бахши MTV ба бинандагон барномаҳои илмӣ пешниҳод мегарданд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар Узбакистон рӯзи 4 август соати 16.00 пахши санҷишии шабакаи телевизионии Milliy (MTV) баргузор шуд, иттилоъ медиҳад Sputnik Узбакистон.

Шабакаи телевизионӣ дар як шабонарӯз 17 саот-аз 7.00 то 23.00 барномаҳои ҷолиб пахш мекунад.

Дар Тоҷикистон телевизиони “Варзиш” таъсис дода шуд

Барномаҳои MTV аз сурудҳо ва видеоклипҳои овозхонони узбаку хориҷӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, ток-шоу, консертҳо, филмҳои бадеии баландсифат ва сериолҳои ватанию хориҷӣ иборат  мебошад.

Тариқи шабакаи ҷадид сурудҳо ва клипҳои овозхонони машҳур ва барномаҳои ҷолиб  барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа пахш мегарданд. Дар баробари ин дар барномаи бахши  MTV ба бинандагон барномаҳои илмӣ пешниҳод мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0