Анвар Юнусов бар муштзани Чин бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд

© REUTERS \ PETER CZIBORRAҒолибияти Анвар Юнусов бар Ҷун Шан дар Бозиҳои олимпии Рио-2016
Ғолибияти Анвар Юнусов бар Ҷун Шан дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнeсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ даh Рио-де-Жанейро бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Нахустин қувваозмоии варзишгари тоҷик Анвар Юнусов дар Бозиҳои олимпӣ 2016 бо пирӯзӣ анҷом ёфт иттилоъ медиҳад, хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат карда буданд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфтааст.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку — баргузор шуд, Анвар Юнусов бар ӯ ғолиб омад.

Қувваозмоии севуми ҳарду дар Олимпиадаи Рио 6-уми август соати 18:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 02:15 шаби 7-уми август ба вақти Душанбе) баргузор шуд.

Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Анвар Юнусов: ба Бразилия барои гирифтани медал меравам

Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ кард ва пирӯзӣ ба даст овард.

Рақиби Анвар дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:20 ба вақти Душанбе) доир хоҳад шуд, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мешавад. Бар асоси қуръакашӣ вай бидуни даври аввал ба даври дувум роҳ ёфтааст.

"Муштзани маъруф Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад",-омадааст дар иттилоия.

Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба қувваозмоии дувумаш омодагӣ мебинад.

Лентаи хабарҳо
0