Дастуру супоришҳои президенти ҶТ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба “Сафед-Дара”

Обуна шудан
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишию истироҳатии зимистона то моҳи декабри соли ҷорӣ бо сифати баланди ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расад.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон  бо рафти корҳои сохмонӣ дар иншооти маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-Дара"  шинос шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4 ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд.

"Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои обод кардани ин гушаи диёр ва мусоидат ба рушди варзиши лижаронӣ изҳори сипос намуда, ба масъулини соҳа барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мувофиқи ҷалби сайёҳони хориҷӣ дастуру супоришҳо дод",-омадааст адр иттилоия.

Ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хуш омадед, ё Welcome to Tajikistan!

Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шуд.

Дар асоси супориши Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сафед-Дара" ба нақша гирифтаанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар фасли тобистон лагери тобистона низ ташкил намояд.

Чуноне иттилоъ дода мешавад, дар ин ҷо шурӯъ аз таваққуфгоҳ барои 200 мошин, бозору дуконҳои фурӯши молу маҳсулоти гуногун, атраксионҳои кудакона, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол, волейбол, корти теннис, инчунин ду бинои боҳашамати иҷораи сару либоси варзишии хоси лижаронӣ, чойхонаи миллӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мегардад.

Лентаи хабарҳо
0