Мусобиқаи роботҳо дар Тошканд: мубориза барои ҳар як ваҷаб

© Sputnik УзбекистанМуҳорибаи роботҳо дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ.
Муҳорибаи роботҳо дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ нафар дар панҷ даста (ду нафарӣ) ва ҳар яки онҳо барои гирифтани унвони беҳтарин дар бозии футуристӣ -робототехника рақобат карданд. Имрузҳо дар Узбакистон ин бозӣ меҳвари тараққиёти худ васеъ намуда, дастовардҳои беҳтарро ноил гардида истодааст.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯзи якшанбеи гузашта қисме аз  ошёнаи чоруми маркази савдо ва истироҳати пойтахт Mega Planet ба саҳнаи ҳақиқии муҳорибаи роботҳо табдил гашта буд. Дар он ҷо байни хонандагони мактаб сабқати навбатии робототехникаи Robokidz баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори  Sputnik Узбекистан.

Даҳ нафар дар панҷ даста(дар ҳар якашон ду нафарӣ)барои унвони беҳтаринҳо дар самти футуристӣ,  ба монанди робототехника,  муҳориба намуданд.  Имрӯзҳо дар Узбакистон ин намуди мусобиқа тараққӣ карда истодааст.

Самараи аввал

Муҳорибаи роботҳо-  дар тамоми ҷаҳон мусобиқаи вижаи намоишӣ мебошад, ки дар он одамони синну солашон гуногун, аз талабагони мактаб ва донишҷӯён  сар карда, то таҳиягарони касбӣ, эъҷодиёти худро ба муҳориба мебароранд,  ҳакамон бошанд беғаразона онҳоро баҳодиҳӣ мекунанд. Имрузҳо ин гуна озмунҳоро, ки миллионҳо мухлисони худро аз мамлакатҳои гуногун ҷамъ намудааст, дар ИМА, Аврупо ва Осиё ташкил менамоянд.  Сабқати  аввалини мусобиқаи роботҳо бошад, дар ҷаҳон соли 1994 дар Сан- Франсизко баргузор гардидааст. Онро  лоиҳакаши амрикоӣ Марк Торп баргузор карда буд, ки ҳоло ӯро метавон асосгузори ин мусобиқа номид.

© Sputnik УзбекистанМуҳорибаи роботҳо дар Тошканд
Битва роботов в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Муҳорибаи роботҳо дар Тошканд

Он вақт ҳамааш аз кӯшиши сохтани чангкашаки назоратии радиогӣ сар шуда буд.  Сохтани он даст надод, аммо фикри нав эҷод шуд, ки бо гузашти вақт ба муҳорибаҳои робототехника табдил гашт, ки ба он дар натиҷа тамоми ҷаҳон майл карданд. Барои  Узбакистон  ҳоло ин бозӣ комилан самти нав аст. Мусобиқаи ҳарбаи зеҳнӣ фақат ҳамин ин сол сар шуд, ки он дар кишвар  бо  ташкил шудани аввалин мактаби кӯдаконаи робототехникӣ  Robokidz вобаста мебошад. Мактаб моҳҳои аввали соли гузашта кушода шуд.

Имрӯзҳо ин дар байни хонандагони мактабҳои миёна сеюмин мусобиқа, бо ҳисоби муҳорибаҳои интихобӣ гурӯҳӣ мебошад. Чунин намоишҳоро саҳнаҳои пойтахт, беш аз он саҳнаҳои узбакӣ надида буд. Аммо чуноне ки маълум гардид, ин бозӣ  на танҳо бинандагонро ба худ ҷалб мекунад, балки худи иштирокчиён низ ба шавқ меорад.

То марраи охирин расидан

Мувофиқи шартҳои муҳориба, роботи гурӯҳ бояд дар як дақиқа мустақилона  марзи трекро (хати сиёҳ дар майдончаи сафед), масофаи бештарро  тай намояд, дар ин ҳол бояд аз хат бештар аз панҷ сония берун наравад. Дар акси ҳол,  даста мағлуб мегардад.

"Дар ҳоле, ки робот ба хати саршавӣ мерасад, вай бояд пурра мустақилона гузоша шавад. Мошине, ки дар майдони мусобиқа гумроҳ мешавад, аз бозӣ берун карда мешавад. Ин дафъа мо вазифаи иштирокчиёни муҳорибаро дучанд гардонидем, хати ҳаракати роботҳоро печ дар печ кардем. Он ба монанди ҳарфи "S"-и англисӣ гардид. Барои тай кардани масофа ба ҳар як гурӯҳ ду кӯшиш дода мешавад. Албатта дар охир натиҷаи беҳтарин ба назар гирифта мешавад",- шарҳ дод ба Sputnik  муаллими калони мактаб, аъзои ҳакамон Элдор Аппазов.

Аммо пеш аз рақобат кардан, бачаҳо бо ҷидду ҷаҳд ба ҷамъоварӣ намудани роботҳои худ сар карданд, ки онҳоро аз конструкторҳои часпандаи Lego Mindstorms сохта буданд. Ин маҷмӯъ барои робототехникони ҷавон бо ҳама ҷузъиётҳои зарурӣ ва электронӣ барои сохтани машинаи барномавикардашуда таҷҳизонида шудааст.

© Sputnik УзбекистанМуҳорибаи роботҳо дар Тошканд
Битва роботов в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Муҳорибаи роботҳо дар Тошканд

Аллакай, пас аз раванди сохтан ва барномавикунонӣ иштирокчиён бевосита ба зинаи санҷиши техникаи сохтаи хеш ба майдончаи муҳориба гузаштанд. Дар  ҳар ду ин чорабинӣ ташкилкунандагон қариб як соати вақтро гирифтанд. Аммо тамошобинон ва тарафдорони дастаҳоро,  ин лаҳзаҳо низ ба худ ҷалб намуд.

Дар атрофи бачаҳо на танҳо ҳамсолонашон ҷамъ омаданд, балки калонсолон- волидайн ва хешовандони иштирокчиён низ буданд. Ҳар яке тавонист, ки ба таври зинда дастовардҳои талабагони Robokidz бубинад ва аз наздик шинос шавад.  Дар умум ин рафти маркетингии хубе шуд, барои ҷалб намудани дигар кӯдакон ба мактаб ва сохтани роботҳо.

Худи задухурд на бештар аз 30 дақиқа давом кард. Муҳорибаи мошинҳо исбот намуд, ки он ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон новобаста аз мансубияти ҷинсӣ шавқовар мебошад. Баъзе аз мухлисонро аз ҳаяҷони онҳо  бо мушкилӣ даст дод, ки ба сарҳади майдони рақобат роҳ надиҳанд. Кӯдаконе, ки барои дастаҳо ҳаводорӣ мекарданд ба ваҷд меомаданд ва хитоб мекарданд: "Тезтар!, Камтари дигар, камтари дигар…!", гӯё, ки ба таври шифоҳӣ роботҳоро ба пеш ҳаракат медода бошанд.

Буданд лаҳзаҳое, ки "робот-кӯдакҳо" таҳиягарони ҷавони худро гӯш намекарданд. Аз ҷумла,  баъзе аз моделҳо дар ними роҳ мемонданд, баъзеи дигар бошанд тамоман аз хати сиёҳ баромада мерафтанд.  Аммо ин фақат рағбати тамошобинонро зиёд менамуду ба саҳна ҳиссиёт мебахшид. Бо як сухан, муҳориба барои ҳар  як сантиметр мерафт, ки дар натиҷа метавонист ҳалкунанда гардад.

Дар натиҷаи муҳорибаи мошинҳо ҳакамон ба дастаи "7 UP" (Станислав Ем и Давид Ким) ғолибиятро сазовор донистанд, ҷойи дуввумро бошад дастаи "Димаски" (Дмитрий Мандалака и Аскар Комилов) гирифт, сегонаи ғолибонро гурӯҳи "Минони" (Юрий Давлентьянц и Николай Мазурян) ҷамъбаст кард. Аз дарозии умумии трек дар 5,5 метр роботи ғолибшудагон то охир ба 115 сантиметр нарафт, мошини дуюм дар масофаи марра дар 280 сантиметр монд, сеюмин бошад- 350.  Ба ғолибон ва мукофотгирандагони муҳориба тӯҳфаҳо аз Mega Planet ва  Nestle супорида шуд, дигар иштирокчиён бошанд (дастаҳои "Строители будущего" и "Mindstorms") мукофотҳои таблиғотӣ гирафтанд.

Дастовардҳои тоза дар пеш

RoboKidz- мактаби робототехникиест, ки ба кӯдакон дарси сохтан ва тарҳрезӣ кардан, физика ва математикаро меомӯзад. Мусобиқа байни хонандагони гурӯҳҳои "Роботехники муосир" рӯзи аввали якшанбеи ҳар як моҳ гузаронида мешавад.  Мақсади онҳо-тайёр намудани роботҳо ба сабқатҳои байналмиллалӣ ва Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки моҳи ноябри ҳамин сол дар Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд. Ҳамин тавр талабагон ба рӯҳияи рақобат одат мекунанд ва мактаб бошад муайян мекунад, ки кадом хонанда дар кадом самт бештар тайёр аст ва кадоме заифтар, то дар даври оянда бартараф карда шавад. Барои муайян кардани иштирокчиёни сабқат, дар аввал дар мактаб мусобиқаи дохилигурӯҳӣ ва байнигурӯҳи гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи яке аз ташкилкунандагони ин муассисаи илмӣ Темур Азаматов, дар охири моҳи сенятбр маълум мешавад, ки оё хонандагони ба сабқат мераванд ё не. Мусобиқаи имрӯза бошад- тайёриест барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ. Беш аз ин баъзе аз бачаҳо аллакай ҷоизаҳои маъмул доранд.   Дар мусобиқаи моҳи апрел, ки дар Маскав шуда гузашт дастаи RoboKidz ҷойи 6-умро аз байни 34 дастаҳои иштирокчӣ гирифта буд.

Дар нақшаҳои роҳбарияти мактаб ташкили ин гуна муҳорибаҳо бо номҳои ботантана чун "ҳарбаи роботҳо" ҳаст, ки ҳар тирамоҳ дар пойтахт шуда мегузарад. Барои ин ташкилотчиёни мактаб аллакай гутугӯҳоро бо Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия сар кардаанд, изҳор дошт, мусоҳиб.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала