Мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Русияро мағлуб карданд. Бо ҳисоби 6:0

© Фото : Сайт Федерации футбола ТаджикистанаМунтахаби наврасони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони навраси тоҷик дар вохӯрии нахустинашон бар дастаи футболбозони Русия дар доираи мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми президенти Қазоқистон бо ҳисоби калон ғолиб омаданд.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи яккачини наврасони Русия 6 голи беҷавоб заданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз, 9 август тими наврасони Тоҷикистон бо мунтахаби наврасони Озарбойҷон рақобат мекунад.

Тӯб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби Тоҷикистон барои Ҷоми президенти Қазоқистон мубориза мебарад

Ёдовар мешавем, ки ҷоизапулии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМАро ташкил медиҳад. Ғолиб бо Ҷоми ғолибият ва маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА, дастаи финалист бо 5 ҳазор ва дастаи ҷои сеюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Дар сабқат намояндагони мунтахабҳои Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Албания, Тоҷикистон ва ду дастаи Қазоқистон иштирок мекунанд.

Ин намуди мусобиқа барои бори нуҳум гузаронида мешавад. Қаблан сабқат дар Остона ва Алмаато баргузор шуда, акнун бори аввал дар вилояти ҷануби Қазоқистон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусоқибаи ҳаштум барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон рақобат намуда дар мақоми шашум қарор гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0