Мусулмонони Қрим дар рӯзи Иди Қурбон истироҳат мекунанд

Имсол рӯзи 12 сентябр, мусулмонони нимҷазира метавонанд ҷашни диниашонро, ки ба рӯзи душанбеи ҳафта рост меояд истиқбол гиранд.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳамасола мусулмонони Иди Қурбонро дар 10-умин рӯзи моҳи 12-уми солшумории қамарӣ таҷлил мекунанд. Ин рӯз барои мусулмонони Қрим рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст, хабар дода мешавад дар торномаи ҳукуматӣ.

Ба Тоҷикистон иди Рамазон омад

Қарор дар бораи рӯзи истироҳатӣ будани рӯзи 12 сентябр аз ҷониби роҳбари Қрим Сергей Аксенов ба имзо расидааст.

Бори нахуст дар Қрим ҷашнҳои мусулмононӣ-Иди Фитр ва Иди Қурбон аз соли 2014 рӯзҳои истироҳатӣ эълон шуда буданд. Ин анъана солҳои 2015 ва 2016 низ идома кард.

Тибқи қарори ҳукумат дар Қрим ду ҷаншҳои мусулмонӣ ва ду ҷашни проваславӣ-Иди Фитр, Иди Қурбон ва ҳамчунин Пасха ва Троица рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд.

Мувофиқи нишондодҳои барӯйхатгирии охир дар Қрим 12,5%-и бошандагони Қримро мусулмонон ташкил медиҳанд.

© SputnikЖертвоприношение в Иди Курбон и 5 столпов ислама
Жертвоприношение в Иди Курбон и 5 столпов ислама - Sputnik Тоҷикистон
Жертвоприношение в Иди Курбон и 5 столпов ислама

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала