Олимон мегӯянд, ки танбалӣ нишонаи “хиради воло” аст

Олимони донишгоҳи Флорида баъди гузаронидани таҳқиқот ба хулоса омаданд, ки одамони танбал вақти бештари худро барои андеша кардан гузаронида, танбалӣ нишонаи “хиради волои”-и онҳо мебошад.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Олимон исбот карданд, ки танбалӣ нишонаи баланд будани нишондоди IQ мебошад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба The Independent.

Таҳлилгарони донишгоҳи Флорида дар байни ҷавонон назарсанҷӣ гузарониданд. Дар рафти назарсанҷӣ ба ҷавонон интихоби яке аз вариантҳо барои ҳалли масъала пешниҳод шуд. Мувофиқи натиҷаи назарсанҷӣ барои гузаронидани озмоиш 60 нафари ҷавонон интихоб шуданд. 30 нафари онҳо дар ҷавоб изҳор доштанд, ки "аз ҳал кардани масъалаҳое, ки ҷустуҷӯи роҳҳои навро талаб мекунад, ҳаловат мебаранд", дигарон иброз доштанд, ки  танҳо дар сурати зарурат будан дар бораи ҳалли ин ё он масъала  фикр мекунанд.

Кор бо планшет. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон зарари солонаи камҳаракатии одамонро ҳисоб кардаанд

Олимон ба дасти иштирокчиёни таҳқиқот дастмонаи махсус насб карданд, ки он фаъолияти ҳаррӯзаи иштирокчиёнро сабт мекард. Дар натиҷа маълум гардид-гурӯҳи донишҷӯёне, ки бештар "фикр" мекунанд фаъолияти ҷисмонии камтар доранд. Ба гуфти олимон-ин нишондодҳо аз нуқтаи назари омор  "муҳим" ҳастанд.

Таҳлилгарон ба хулоса омаданд, одамоне, ки камтар фикр мекунанд зудтар зиқ мешаванд ва барои ҳамин онҳо мехоҳанд вақти холии худро бо машғулияте пур кунанд. Дар баробари ин танбалӣ аломати он аст, ки одамони танбал бештари қувваи худро барои андеша кардан сарф карда, одамони фаъол қувваи худро бо корҳои ҷисмонӣ сарф мекунанд ва барои фикр кардан қувваашон кифоягӣ намекунад.

Дар баробари ин олимон қайд менамоянд, ки  "хиради воло" (IQ-и баланд) набояд ба камҳаракатии инсон боис шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала