Тирандозони Қазоқистон дар АРМИ-2016 якум шуданд

Дастаи мерганҳои Русия ба ҷойи дуввум сазовор шуда, дар ҷойи сеюм тирпарронони Белорус қарор гирифтанд. Чин ҷойи чорумро соҳибӣ кард.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон давраи ниҳоии сабқати байналмиллалии "Сарҳади снайперӣ" баргузор шуд, натиҷаҳо маълум гаштанд ва ғолибон эълон карда шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии АРМИ-2016.

"Низомиёни рус мувофиқи натиҷаҳои мусобиқаи "Сарҳади снайперӣ" ҷойи дувумро гирифтанд, дастаи Қазоқистон ғолиби мусобиқа шуд. Медали бринҷӣ аз они дастаи Белорус гардид",- қайд карданд дар хадамоти матбуот.

Дар даври ниҳоӣ барои ғолибият чор дастаи беҳтаринҳо аз Белорус, Қазоқистон, Чин ва Русия қувваозмоӣ карданд.

“АРМИ-2015”: танкчиёни тоҷик дар биатлон дар мақоми севвум ҳастанд

"Аз аввали сабқат иштирокчиён се зинаи озмунро тай намуданд: "Санҷиши фардӣ", "Санҷиши ҷуфтӣ", "Эстофетаи мерганӣ", ки дар он ҷо низомиён аз милтиқи СВД-С ва таппончаи Макаров тир парониданд, норинҷак андохтанд, ҳамчунин  монеаҳои гуногунро тай карданд: чоҳҳо, деворҳои симӣ, деворҳои думетра ва монеаҳои чубӣ",- илова намуданд дар хадамоти матбуотӣ.

Мусобиқаи "Сарҳади снайперӣ" дар  машқгоҳи таълимии "Гвардейский"-и пойгоҳи низомии 40-ум (деҳаи Гвардийский, ноҳияи Кордайский, вилояти Ҷамбил) аз 2-ум то 8-уми августи соли 2016 баргузор гардид. Дар он 12 даста аз Ангола, Арманистон, Белорус, Венусеэлла, Юнон, Зимбабве, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Русия иштирок намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала