Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги марди 61-сола шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи Вахш-Қурғонтеппа марди 61-соларо пахш кард. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат расид.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Рӯзи 9 августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс" ҳангоми ҳаракат аз деҳоти Вахш ба шаҳри Қурғонтеппа марди 61-соларо пахш кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Роҳи кӯҳии Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Резиши санг ба марги ду нафар мунҷар шуд. Дар ВМКБ

"Рӯзи 09.08.с.2016, тахминан соати 12.20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Вахш ба самти шаҳри Қурғонтеппа бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста,  марди 61-солаи сокини ноҳияи Вахшро пахш намуда, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" ронандааш зани 42-солаи сокини ноҳияи Вахш  бармехӯрад",-омадааст дар иттилоия.

Бино ба иттилои манбаъ дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" ва марди пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд, чанде пас пиёдагард ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0