Черчесов расман сармураббии мунтахаби Русия таъин гардид

Обуна шудан
НовостиTelegram
Қаблан хабар дода шуд, ки Федератсияи футболи Русия Станислав Черчесовро сармураббии мунтахаби миллӣ таъин намуд. Вақтҳои охир ӯ сармурабигии клуби “Легия”-ро ба дӯш дошт.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Станислав Черчесов  расман сармураббии мунтахаби Русия таъин гардид, хабар медиҳад саҳифаи расмии мунтахаби Русия дар Twitter.

"Станислав Черчесов расман сармураббии мунтахаби миллӣ таъин шуд",-омадааст дар иттилоия.

Евро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бо 250 ҳазор еврои Кокорин ва Мамаев дар ҶТ ва ФР чи харидан мумкин

Сармураббии собиқи тими миллии Русия Леонид Слутский охири моҳи июн баъди баромади номуваффақонаи мунтахаби миллӣ дар чемпионати Аврупо-2016, ки дар Фаронса баргузор гардид, вазифаашро тарк кард. Ёдовар мешавем, ки футболбозони мунтахаби миллии Русия дар чемпионати Аврупо-2016 ҳамагӣ як хол ба даст оварданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко расман аз вазифаи сармурабии дастаи "Локомотив" даст кашид. Сёмин дар мусоҳиба бо Sputnik қайд намуд, ки эҳтимолан сабаби истеъфои Черевченко мағлубияти тими "Локомотив" дар бозӣ бо дастаи "Том" бошад.

Лентаи хабарҳо
0