Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА як зина боло рафт

© Freshfocus / Гузаштан ба хазинаи аксМардум аз назди бинои Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) дар Сюрих мегузаранд. Акс аз бойгонӣ
Мардум аз назди бинои Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) дар Сюрих мегузаранд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар даҳгонаи аввали ҷадвал ҳеҷ тағйирот ворид нашудааст. Чун пешин мунтахаби Аргентина (1585 хол) дар мақоми аввал ҷой дорад. Белгиҳо (1401 хол) дуюм буда, колумбиҳо (1331хол) мақоми сеюмро аз они худ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ҷадвали нави ФИФА як зина боло рафтааст, иттилоъ дода мешавад дар торномаи расмии ФИФА.

Ҳамин тавр Тоҷикистон бо 220 хол дар мақоми 144-уми ҷадвали ФИФА қарор гирифт.

Як зина боло аз Тоҷикистон Қувайт қарор дошта, зинае поён-Люксимбург ҷой гирифтааст.

Дар даҳгонаи аввали ҷадвал ҳеҷ тағйирот ворид нашудааст. Чун пешин мунтахаби Аргентина (1585 хол) дар мақоми аввал ҷой дорад. Белгиҳо (1401 хол) дуюм юбуда, колимбиҳо (1331хол) мақоми сеюмро аз они худ кардаанд.

Тӯби футбол - Sputnik Тоҷикистон
ФИФА: рейтинги мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 зина поин рафтааст

Мунтахаби Русия бо 728 хол чун пешин дар зинаи 38-ум боқӣ мондааст. Мунтахаби Исландия, ки дар чемпионати Аврупо-2016, дар Фаронса, ҳамаро дар ҳайрат гузошта буд бо 871 хол аз мақоми 22 ба ҷои 23 поён рафтааст. Дар баробари ин мунтахаби Ҷопон (аз ҷои 57-ум ба 49) ва Чин, ки яку якбора 18 зина боло рафт (аз 117 ба 99 бо 320 хол), ҷаҳиши бузург нишон доданд.

Рейтинги ФИФА шурӯъ аз соли 1993-юм ташкил карда шудааст. Шумораи холҳо бо дарназардошти натиҷаҳои мунтахабҳои миллӣ дар давоми чор сол ҳисоб карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА дар ҷои 144-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки нишондоди беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ҷои 113-ум, баҳори соли 2013 буд. Нишондоди пасттарини тими миллӣ бошад соли 2002 ба қайд гирифта шудааст, ки мунтахаби Тоҷикистон дар байни 207 кишвари ҷаҳон дар ҳинаи 168-ум қарор гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала