Бар асари таркиш дар нерӯгоҳи барқӣ дар Чин 20 нафар ҳалок гардид

Дар пайи таркиш дар яке аз нерӯгоҳҳои Чин зиёда аз 20 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. На кам аз 21 нафар бар асари таркиш дар нерӯгоҳи барқии вилояти Хубэйи шаҳри Данян ба ҳалокат расида, 5 тани дагр захмӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Бино ба иттилои ооҷнсии Синхуа ва China News таркиш дар қубури дудгузари дорои ҳарорати баланд ба вуқӯъ пайвастааст. Се нафар аз байни маҷрӯҳшудагон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Дар ҷои ҳодиса аллакай намояндагони мақомотҳои наҷотдиҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин намояндагони ҳукуматӣ ҳозир шудаанд.

Хабар дода мешавад, ки нерӯгоҳи барқӣ ба ширкати "Мадянганши" тааллуқ дорад. Ширкат ҳунӯз соли 2002 ба қайд гирифта шуда, асоси фаъолияташро  тавлиди барқ ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала