Русия, Белорус, Қазоқистон ва Чин ба даври ниҳоии биатлони танкӣ роҳ ёфтанд

Давраи ниҳоии сабқати байналмиллалӣ дар машқгоҳи Алабино рӯзи шанбе, санаи 13-уми август баргузор мегардад. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, дастаи Русия дар мусобиқа натиҷаҳои беҳтаринро нишон додааст.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Иштирокчиёни даври финалии мусобиқаи биатлони танкӣ дар Бозиҳои низомии байналмиллалӣ, АРМИ-2016, маълум гардиданд, хабар дод, сарфармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Олег Салюков.

"Агар чизе тағийр наёбад, Русия, Белорус, Қазоқистон дар давраи ниҳоӣ рақобат мекунанд. Пештар дастаи Русия натиҷаҳои беҳтаринро нишон дода буд. Дастаи Белорус низ фаъол буд. Онҳо аз дастаҳои Чин ва Қазоқистон пеш гузаштанд",- гуфт Салюков.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар даври нимниҳоӣ дастаҳои Ҳиндустон ва Озарбойҷон низ, хело хуб баромад карданд.

Натиҷаҳои расмии бозиҳои нимниҳоӣ ва таркиби иштирокчиёни давраи ниҳоӣ пас аз маҷлиси комиссияи доварон эълон карда мешавад.

Танкчийни тоҷик дар мусобиқаи АРМИ-2016, Дар пойгоҳи Алабино. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Танкчиёни тоҷик дар АрМИ-2016: дастаи Русияро ҳаводорӣ мекунем

Давраи ниҳоии биатлони танкӣ дар машқгоҳи Алабино санаи 13-уми август баргузор мегардад. Мусобиқа аз санаи 30-уми июл оғоз гардида, дар он 54 даста аз 17 мамлакатҳои дуру наздики хориҷа ҳунари танкронии худро нишон медиҳанд.

Дастаи Тоҷикистон ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфта мусобиқаи биатлони танкиро тарк кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала