ВАО: Русия аз Туркия бастани сарҳади Сурияро талаб намуд

© AP / Burhan Ozbilici, File / Гузаштан ба хазинаи аксДар сарҳади Туркия ва Сурия. Акс аз бойгонӣ
Дар сарҳади Туркия ва Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ин чорабинӣ барои он пешбинӣ карда шудааст, ки террористон дар ҳудуди Сурия силоҳ ва сармояи худро паҳн карда натавонанд. Масъалаи мазкур бевосита бо амнияти миллии Русия вобастагӣ дорад.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Ҳукумати Туркия бо талаботи Русияро дар бораи  бастани сарҳади Сурия баррасӣ намуда истодааст, хабар медиҳад РИО Новостӣ бо истинод ба рӯзномаи "Известия".

Дипломатон ва низомиёни  Русия ин иқдомро  аз Анқара барои он талаб намуданд, ки ҳаракати террористонро дар Сурия манъ карда тавонанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Русияву Туркия механизми сетарафаи  намояндагони ҳар ду кишварро бо иштироки  разведкачиён, низомиён ва дипломатон кор карда баровардаанд.  Дар чорчӯбаи он аввалин вохӯрӣ бояд рӯзи панҷшанбе дар Маскав шуда мегузашт.

"Табиист, ки мо масъалаи бастани сарҳади Туркияву Сурияро гузоштем, то ин ки анбӯҳи террористон ва қочоқро хотима бахшем. Бо ин роҳ террористон бояд аз ҳама намуди таъминоти дохилву хориҷӣ маҳрум гарданд",- гуфт, муовини сардори Кумитаи мудофиаи Думаи давлатӣ Виктор Водолатский ба рӯзномаи комиссияи корҳои русӣ-туркӣ.

Вохӯрии президентони Русия ва Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баъди бӯҳрон: Путин ва Эрдуғон дар бораи чӣ сӯҳбат карданд

Ба гуфтаи вай ин масъала бо таъмини амнияти миллии Руссия бевосита марбут аст.

"Аз тарафи худ мо метавонем ба Туркия аксҳои спутникии роҳҳоеро  дастрас намоем, ки ба воситаи онҳо ба Сурия  нақли силоҳ ва боевикон суръат мегирад",- илова кард вакил.

"Музокиракунандагони турк- чӣ дипломатон ва чӣ низомиён, амалан ягон чораи дигар надоранд. Ҳамчунин, худи онҳо ҳам дар ҳал намудани масаъалаҳои баҳснок шавқманд мебошанд.  Аз ҳамин сабаб маҷбур мешаванд, ки талаботи моро дар бораи маҳкам намудани сарҳади Сурия ва Туркия иҷро намоянд",- гуфт ба нашрия аъзои кумитаи байналмиллалии Шӯрои Федератсия Игор Морозов.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала