Абдураҳмонов дар мусобиқаҳои олимпӣ шикаст хӯрд

© AFP 2021 / Jack GUEZДзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо ҳарифи кубагиаш Гарсиа Мендосе
Дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо ҳарифи кубагиаш  Гарсиа Мендосе - Sputnik Тоҷикистон
Дзюдочии тоҷик натавонист, ки ҳарифашро дар муҳорибаи тан ба тан дар вазни 100кг пирӯз шавад ва ба ин васила имконияти гирифтани медалро аз даст дод.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Варзишгари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов натавонист, ки  дар мусобиқаи дзюдо ба давари 1/8 ниҳоӣ роҳхат гирад. Дар вазни беш аз 100 кг Абдураҳмонов аз рақиби кубагиаш Алексу Гарсиа Мендосе шикаст хӯрд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Комроншоҳи Устопириён низ дар  мусобиқаи дзюдо дар вазни 90 кг  ба давраи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфта натавониста, бозиро таркардааст. Анвар Юнусов ҳам дар бозии муштзанӣ ба нокомӣ дучор гардида буд. 

Омодагии Рио-де -Жанейро ба Бозиҳои олимпӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик ва Олимпиадаи Рио-2016

Олим Қурбонов, ки дар шиноварӣ дар масофаи 50 метр иштирок карда, дар дақиқаи 25, 77 сония 62-умин шуда ба марра расид. Мутаассифона натиҷаи бадастовардааш ба вай имконият надод, ки дар давраи нимниҳоӣ ширкат варзад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала