Футболбозони навраси тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми президенти Қазоқистон роҳ ёфтанд

Мунтахаби Тоҷикистон моҳирона дастаи Эронро мағлуб намуда бо гирифтани ҳафт хол дар гурӯҳи В ба даври ҷиналӣ роҳ ёфт. Наврасони Тоҷикистон ҷои дуюмро аллакай доранд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба даври финалии бозӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон роҳ ёфтанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ФФТ ҶТ.

Футболбозони навраси тоҷик мунтахаби Эронро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, дар гурӯҳи В мақоми аввалро ба даст оварданд. Ғолибиятро футболбозони моҳири навраси тоҷик-Ҳувайдо Малиев ва Шаҳром Самиев ба мунтахаби Тоҷикистон оварданд.

Қаблан мунтахаби наврасони тоҷик дар рақобат бо дастаи Русия бо ҳисоби калон 6:0 рақибони худро мағлуб карданд. Пасон бошад бо тими Озарбойҷон бозиро мусовӣ 2:2 анҷом доданд.

Тӯб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби Тоҷикистон барои Ҷоми президенти Қазоқистон мубориза мебарад

"Ҳамин тавр бо ба даст овардани ҳафт хол аз нӯҳ холи умумӣ дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба даври ниҳоии сабқат барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон роҳ ёфтанд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон баъди вохӯрии Қазоқистон ва Албания дар даври ниҳоӣ маълум мешаванд",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизапулии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМАро ташкил медиҳад. Ғолиб бо Ҷоми ғолибият ва маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА, дастаи финалист бо 5 ҳазор ва дастаи ҷои сеюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала