Футболбозони тоҷик дар бозии Ҷоми перезиденти Қазоқистон медали нуқра ба даст оварданд

© Фото : Сайт Федерации футбола ТаджикистанаДастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғайр аз он, ки дастаи Тоҷикистон ба 5 ҳзр доллар мукофотпулӣ сазовор шуд, футболбози тоҷик Шаҳром Самиев беҳтарин нимҳимоягаи мусобиқа эътироф гардид.

ДУШАНБЕ, 15авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон тавонистааст, ки ба мукофоти "Ҷоми президент"-и Қазоқистон дар мусобиқаи байналмиллалӣ сазовор шаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Дар давраи ниҳоӣ дар бозӣ бо дастаи Қазоқистон варзишгарон бар ҳисоби 1:2 мағлуб гашта, бо ҳамин васила медали нуқраро ба даст оварданд.

Дастаи Эрон ҷойи сеюмро гирифт.

Фонди мукофотии Ҷоми перзиденти Қазоқистон 15 ҳзр долларро ташкил медиҳад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони навраси тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми президенти Қазоқистон роҳ ёфтанд

"Ба ғолибони масобиқа — дастаи Қазоқистон —ғайр аз мукофоти фахрӣ, боз 7 ҳзр доллар мукофотпулӣ дода шудааст. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон якҷоя бо медали нуқрагӣ 5 ҳзр доллар мукофоти пулӣ гирифтанд. Медали бринҷиро бошад, дастаи мунтахаби Эрон якҷоя бо 3ҳзр доллар сазовор шуд",- омадааст дар хабар.

Дар маросими расмии тақдими ҷоиза нимҳимоягари беҳтарини мусобиқа аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон- Шаҳром Самиев интихоб гардид.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дастаи ҶТ дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Русияро бо ҳисоби 6:0 мағлуб гардрнида буд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки футболбозони аз номи Русия баромад намуда, аслан ба дастаи бозингарони ҷавон тааллуқ надоштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала