“Газпром” Тоҷикистонро тарк мекунад

Ширкат давом додани омӯзи минбаъдаи қаъри заминро бефоида мешуморад ва барои ҳамин қарор кард, ки иҷозатномаи гирифтаашро баргардонад.

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ширкати муштараки фаромарзии Русия "Газпром" қарор қабул намуд, ки иктишофи геологии нефту газро дар Тоҷикистон ба анҷом расонад.

Чуноне ки дар дар ҳисоботи семоҳа омадааст, мӯҳлати иҷозатномаи омӯзиши геологии минтақаҳои "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарии ғарбӣ", ки онро соли 2008 ба даст овардааст, танҳо соли 2018 ба итмом мерасад, аммо бо қарори роҳбари ширкат, "газпром" фаъолияташро пештар қатъ мекунад.

"Дар ҷаласаи Комиссияи марказии истифодаи каръи замин ва раёсати ҳаракати иҷозатномаҳо қарор қабул карда шуд, ки "Газпром" иҷозатномаи гирифтаашро баргардонад, зеро  ширкат давом додани омӯзи минбаъдаи қаъри заминро дар ҳудуди "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарии ғарбӣ", бефоида мешуморад ",- омадааст дар хабар.

Моҳи июл хабар дода шуда буд, ҳарчанд кӯшиши ёфтани газ ва нефт дар "Сариқамиш" бемуваффақият анҷом ёфт,  Gazprom International ният дорад иктишофи чоҳи дуввумро сар кунад.

Чоҳи иктишофии Шаҳринав-1п. Акс аз Gazprom International - Sputnik Тоҷикистон
«Газпром»: дар Тоҷикистон захойири андаки нафту газ ошкор шудаанд

Дар рафти кофтани чоҳи аввал аз ҷониби "Газпром" 2 млрд рубли русӣ сарф карда шуда буд.

Кофтани чоҳи "Шаҳринав 1-п" моҳи декабри соли 2010-ум оғоз гардида буд. Лоиҳаи дарозии ин чоҳ 6300 метрро ташкил мекард, аммо дар рафти сохтмон барои чуқуртар ва аниқтар омӯхтани бурриш, дарозии он 6450 м ташкил намуд.

То имрӯз дар тамоми Осиёи Марказӣ ин гуна чоҳи чуқуртар барои ба даст овардани нафт ва газ  кофта нашуда буд. Охирҳои соли 2014 озмоиши чоҳҳои кофташуда ба охир расонида шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала