Дар шаҳрҳои Русия маззаи палави миллиро мечашанд

Ошпазони иштирокчии фестивали мусобиқавӣ дар дегҳо намудҳои гуногуни оши палваро омода мекунанд ва ба тамоми хоҳишмандон пешниҳод менамоянд. Оши палави тоҷикӣ, узбакӣ, хоразмӣ ва дигар намудҳои ин хӯрокро метавон аз он ҷо чашид.

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.  Дар се шаҳри Русия мусобиқа- фестивали ошпазҳо ва тарабхонаҳои таомҳои шарқии  "Фарҳанги палав" баргузор мегардад.

Ҳамин тавр, санаи 27-уми август мусобиқа дар шаҳри Санк-Петербург, 3-юми сентябр дар шаҳри Самара ва ҳамчунин дар Симферопол(санааш аниқ нест) баргузор мегардад.

"Мақсади ин лоиҳа, ғайр аз нишон додани таомҳои машҳури шарқӣ, ин шинос намудани мардуми рус бо маданияти халқҳо Шарқ ва муттаҳид намудани халқиятҳои фаромиллии Русия ва ҳамсоягони он ва дастгирӣ намудани шаҳрвандони камбизоат мебошад. Барои ҳамин маблағи аз фурӯши палав ба даст овардаро  ба яке аз фондҳои хайрия медиҳанд",- омадааст дар сомонаи фестивал.

Иштирокчиён намудҳои гуногуни палавро дар дегҳо мепазанд: тоқикӣ, ӯзбакӣ, хоразмӣ, ки онро бо зира, баргиток ва дигар маҳсулотҳо якҷоя тайёр мекунанд. Ғайр аз саҳнаро  намоишҳои  мусобиқавӣ ва  иштироки овозхонону  найрангбозон ҷолиб мегардонад.

Ташкилкунандаи чорабинӣ ширкати  "Фабрикаи фестивалҳо" аллакай чандин маротиба аст, ки дар Русия ин намуда мусобиқаҳоро мегузаронад. Аз ин пештар бо таомҳои миллии шарқӣ шаҳрвандони Маскав, Растов-на-Дону, Уфа, Пенза, Сочи ва дигар шаҳрҳо шинос шуда буданд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала