Ҳукумати Тоҷикистон духтари тоҷикро дар озмуни Miss Union дастгирӣ мекунад

© Sputnik / Murad OrujovКарина Комил дар фотосессияи озмуни Мисс Юнион
Карина Комил дар фотосессияи озмуни Мисс Юнион - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ба давраи ниҳоии озмуни зебогии байналмиллалӣ якчанд рӯз боқӣ мондаасту халос, духтарон ҳоло ба озмун тайёрӣ дида истодаанд. Тоҷикистонро дар ин озмун Карина Комил намояндагӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Иштирокчиёни озмунии байналмиллалии зебогӣ  Miss Union дар Боку фаъолона ба даври ниҳоии ин озмун тайёрӣ дида истодаанд, ки он санаи 20-уми август баргузор мешавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон Карина Комил ба Sputnik Тоҷикистон нақл намуд, ки ҳоло пеш давраи ниҳоӣ ба озмун  тайёрӣ дида истодааст.

Ба наздики ин духтар ба Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Азарбойҷон рафт.  Дар он ҷо котиби матуот  дар сари як пиёла чой аз Карина дар бораи ғизои ӯ пурсон шуд ва иброз намуд, ки тайёр аст ба вай кӯмак расонад.

Карина Шарипова - Sputnik Тоҷикистон
Зебосанами тоҷик ба озмуни зебоӣ "Miss Union" ба Боку меравад

Сафоратхона бо мамнуният  иштирокчиро бо  либоҳои миллӣ, лавозимот барои баромад ва байрақи ҶТ таъмин намуд.

Котиби матбуот ваъда дод, ки ҳатман ба озмуни зебогӣ меояд ва ҳамватанашро дастгирӣ мекунад.

"Ӯ ба ман гуфт: "Бале, Шумо зебо ҳастед, дар озмунҳо иштирок кунед ҳам, ба ҷавони тоҷик ба шавҳар бароед",- нақл кард, Карина.   

Имсол дар пойтахти Озарбойҷон бори аввал озмуни байналмиллалии зеӣогӣ байни давлатҳои ИДМ ва Прибалтика "Miss Union Baku - 2016" баргузор мегардад.

Дар давраи ниҳоӣ намояндагони давлатҳои Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Малдова, Русия,  Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Украина ширкат меварзанд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0