Муҳоҷирон барои беҳтар намудани раванди демографии Русия кӯмак намуданд

Афзоишир муҳоҷират ба Русия қариб ба 141, 9 нафар натанҳо камшавии табииро ҷуброн намуд, балки ба зиёд шудани шумораи шаҳрвандони русия мусоидат кард.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Муҳоҷирон тавонистанд, ки  ваъзи демографии Русияро дар нимсолаи  аввали соли 2016 беҳтар кунанд, хабар медиҳад рӯзномаи "Известия" бо истинод ба Росстат.

"Шумораи аҳолии сукунии Русия ба 109,7 ҳзр нафар,  ки он ба 0,08% назар ба ҳамин вақти соли 2015  зиёд аст, бисёр шудааст",-омадааст дар хабар.

Афзоиш истисноан аз ҳисоби муҳоҷирон ба вуҷуд омад.

"Танҳо афзоиши муҳоҷират  ба 4,4 маротиба тавонист шумораи талафоти аҳолиро ҷуброн кунад. Ин ҷараёни даввомнок аст, ки шояд боз зиёдтар гардад",- хабар медиҳаддафтари омор.

Табиист, ки талафоти табии(фарқ байни таваллудшудагон ва фавтидагон) аҳолии Русия бо муқоиса дар ҳамин вақти соли гузашта  қариб, ки ду маротиба камтар шудааст(аз 61,3ҳзр то 32,2 ҳзр нафар).

Ҳамин тавр афзоишир муҳоҷират ба Русия қариб ба 141, 9 нафар натанҳо камшавии табииро ҷуброн намуд, балки ба зиёд шудани шумораи шаҳрвандони Русия мусоидат кард.

 Қайд карда мешавад, ки ҷараёни муҳоҷират ҳам ба се ҳисса(31,5%) нисбат ба нимсолаи соли 2014 зиёд шудааст. Соли 2015 нишондодҳои баръакс мушоҳида мешуданд.

Қисми зиёди афзоиши аҳолиро (зиёда аз 69ҳзр нафар) муҳоҷирон аз Украина таъмин намуданд. Дар ҷои дуввум Қазоқистон (17,2ҳзр нафар) мебошад. Тоҷикистон бошад дар ҷои севвум бо 12, 2ҳзр нафар қарор дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала