Мусобиқаи БОР: Ҷавонони тоҷик зери мафҳуми тараққиёт чиро мефаҳманд ?

© Sputnik Амир ИсаевҶавонони Душанбе. акс аз бойгонӣ
Ҷавонони Душанбе. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар мусобиқа 14 блогерон аз Тоҷикистон ширкат варзиданд, ки синну солашон аз 18-25 сола буд. Блогерон мавзӯъҳоеро ба монанди маориф, ҷойи кори хуб, беҳтар намудани саломатӣ, баробарии иҷтимоӣ, зиёд шудани ҳуқуқ ва имкониятҳо барои ҷавонон ва рушди бахши хусусӣ баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни блогорени ҷавон баргузор гардид. Ин озмунро дар кишвар Бонки рушди Осиё  ташкил кард.

Дар озмуне, ки ба 50-солагии БРО бахшида шуда буд 14 блогерон аз Тоҷикистон ширкат варзиданд, ки синну солашон 12-25 сола буд. Мавзӯи озмун: "Ҷавонони тоҷик таҳти мафҳуми тараққиёт чиро мефаҳманд?"

Блогерон мавзӯҳоъеро ба монанди маориф, ҷойи кори хуб, беҳтар намудани саломатӣ, баробарии иҷтимоӣ, зиёд шудани ҳуқуқ ва имкониятҳо барои ҷавонон ва рушди бахши хусусӣ баррасӣ карданд.

Бо кумаки БОР дар ҶТ омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ таҷдид мешаванд

Ҳамин тавр аввалин тӯҳфаро Мақсуд Ҳасанови 22 сола ба даст овард, ки блоги худро дар мавзӯи аҳамияти афзоиши фарогир ва машғулияти ҷавонон пешниҳод намуда буд.

Дар ҷои дуввум Дориюш Солиев, 20 сола, ки бо мавзӯи инкишофи саноат ва хоҷагии қишлоқ ва камкунии андоз барои рушди бахши хусусӣ баромад намуд.

Дар ҷойи севум блоги Шахноз Муҳаммадиева бо мавзӯи ҳуқуқи ҷавонон ва имкониятҳои онҳо қарор гирифт.

"Моро натиҷаи кори иштирокдороне ба ҳайрат овард, ки дар мавзӯъҳои имкониятҳои рушди Тоҷикистон ва аҳамияти гирифтани маълумоти хуб баромад намуданд",- қайд кард намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон, ки бо иштироки 7 ҳакамони дигар ҳузур дошт.

Ҳамаи мавзӯҳои пешниҳодшуда ба озмун мувофиқат мекарданд ва мувофиқи мантиқ буданд, онҳо  дониши хуби англисии ҷавононро нишон медоданд.

                                                                   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала