Ҷоми Тоҷикистон: мусобиқаро дар давраи ниҳоӣ дастаҳои “Истиқлол” ва “Хайр” давом медиҳанд

© Sputnik / Амир Исаев"Истиқлол"- "Регар- ТадАз"
Истиқлол- Регар- ТадАз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии ҷавобии дарвраи чоряки ниҳоии дастаҳои футбол санаҳои 10-11 сентябр баргузор мегардад. Ҳоло пешравони мусобиқа эълон карда нашудаанд.

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ҳисоби баробар дар бозии 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хайр" ба ҳар ду даст ҳам имконият дод, ки барои ғолиб шудан бозиро давом диҳанд.

"Истиқлол" натавонист, ки дастаи "Хайр"-и Ваҳдатро ғолиб гардад. Бозие, ки дар майдони Аватар баргузор гардидбо ҳисоби 1:1 ба итмом расид. Дар дақиқаи 34-умин Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи рақиб гол зад. Дар дақиқаи 75-умин бошад Мухсин Парпиев ҳисобро баробар намуд.

"Регар-ТадАЗ"- и Турсунзода дар майдони худ бо дастаи "Хуҷанд" бар ҳисоби 3:1 бозӣ намуд. Ҳисобро варзишгари регарӣ — Фируз Қараев дар лаҳзаи 22-умини мусобиқа кушод.  Дар дақиқаи 37-умини мусобиқа бошад хуҷандиён — Дилшод Бозоров ҳисобро баробар намуданд.

Пас аз танаффус ба дарвозаи меҳмонон ду гози дигар зада шуд. Атҳам Ҳамроқулов ду голи дигар зад. Бояд қайд кард, ки дар лаҳзаи 86-уми бозӣ нимҳимоягари дастаи Хуҷанд Илҳомҷон Баротов барои гирифтани корти дуюми зард  аз бозӣ дур карда шуд. Намояндагони лигаи аввалини Тоҷикистон "Ваҳдат" ва "Равшан"- и Кӯлоб бо якдигар зарба зада натавонистанд. Бози бо ҳисоби  0:0 ба итмом расид.

Дар бозии чорякфиналии дигар "Ҳосилот"- и Фархор  бо "Барқчи"- и пойтахт бар ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Дар ин даста Комил Саидов тавонист ба дастаи ҳариф ду гол занад. Аз дастаи "Барқчӣ" Наврӯз Рустамов ва Ҳикматулло  Расулов ҳар ду якголӣ заданд. Давраи ҷавобии чорякфиналӣ санаҳои 10 ва 11-уми сенябр баргузор мегардад.

Ҳоло дар чемпионати кишвар дар байни дастаҳои лигаи олӣ танаффус эълон карда шудааст. Марбут бо Ҷоми Тоҷикистон ва гузаронидани бозиҳои даставӣ гузаронидани баъзе аз бозиҳо мавқуф карда шудааст. Дар чемпионати Тоҷикистон якчанд маротиба аст, ки "Истиқлол" ғолиб меояд. Аллакай 49-умин маротиба аст, ки ҳарифон наметавонанд ин дастаро мағлуб гардонанд.

Охирон маротиба дастаи "Истиқлол" дар чемпионати кишвар санаи 3-юми ноябри соли 2013 дар Ваҳдат бар ҳисоби 0:2 мағлуб гашта буд. Пас аз он ин дастаи пойтахт 42 маротиба ғолибиятро ба даст овард ва 7 маротиба бозиро бо ҳисоби баробар ба охир расонид. Дар ин бозиҳо даста 160 гол зад ва ба дарвозаи худ 25 тӯбро роҳ дод.

Хотиррасон мекунем, ки бозии марказии марҳилаи 2-юми давраи 11-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олии "Истиқлол" дар майдони "Политехникум"  бо дастаи "Помир" бар ҳисоби баробар 0:0 бозиро ба итмом расонида буд.

Нуриддин Давронов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нуриддин Давронов: ҳатман ба “Истиқлол” бармегардам

Бори панҷум аст, ки дар бози дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода наметавонад ба дарвозаи ҳариф беш аз як тӯб занад. Аввал онҳо дар Ғафуров  ба дастаи "Парвоз" бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд, пасон ба "Хайр"- 1:0 ғолиб омаданд, 1:2 ба дастаҳои "Барқчӣ" ва "Вахш" мағлуб шуданд. Дар ин мусобиқа бо дастаи "Равшан" бо ҳисоби баробар 1:1 бозӣ намуданд. Дастаи "Ҳосилот" дар чемпионати Тоҷикистон бозии 105-уми худро гузаронид. Дар ин бозӣ он ботантана дастаи "Хайр"-ро бо ҳисоби калони 6:0 мағлуб гардонид.

Хотиррасон мекунем, ки ин ғолибияти  "Ҳосилот" бо ҳисоби калон дар лигаи олӣ  бори аввал дида мешавад. Голи панҷуми фархориён бо иштироки Комил Саидов 125-умин тӯби он дар тамоми таърихи бозии  ин даста дар лигаи олӣ гашт. Дар ин мусобиқа ҳамчунин бозиҳои 625-уми худро дастаҳои- "Хуҷанд", "Регар-ТадАЗ",  "Регар-ТадАЗ" дар меҳмонии "Равшан" бо ҳисоби баробар- 1:1 бозиро наҷом дод, "Хуҷанд" бошад бар ҳисоби 2:3 бо дастаи "Барқчӣ" мағлуб гашт.

Рӯзи варзишгарон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлил аз “Рӯзи варзишгарон” дар Тоҷикистон

ССКА "Помир" дар ин давра аз ҳама дастаи "боқувват" боқӣ мемонад. Ҳарифи асосии онҳо- дасати "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат ҳоло на он қадар тайёрии хуб доранд ва ССКА "Помир" тавонрист, ки бо 6 тӯби зиёдатӣ аз ин даста пеш барояд. Дар мусобиқаи 11-уми дастаи низомиён(ССКА "Помир") бо дастаи "Истиқлол" бо ҳисоби баробар- 0:0 бозӣ намуданд. Ин бозии 315-умини ССКА "Помир" буд. Аммо пас аз 6 мағлубият бо дастаи "Истиқлол" онҳо тавонистанд, ки 1 хол ба даст оранд.

"Барқчи"-и пойтахт ба дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд. Ин бозии 220-уми "Барқчӣ" ва 88-мин ғолибияти ин даста буд. "Хуҷанд" бошад дар лигаи олӣ нишондодҳои беҳтаринро ба даст овардааст. Ин дафъа тӯби задаи Фарҳод Тоҳиров дар таърихи ин даста 1145-умин гардид.

Комил Саидов намояндаи дасати "Ҳосилот" дар бозии дуввуми худ дар дастаи нави худ ба дастаи "Хайр" 5 тӯб зад. Дар натиҷа бозингари беҳтарини чемпионат қабул гардид.

Дар бозии аввал дар дастаи фархориён вай тавонистааст, ки ба "Истиқлол" гол занад. Дар таркиби дастаи "Барқчӣ" бошад Саидов тавонист ду тӯби дигар занад. Ҳоло дар ҳисоби вай 7 тӯб мавҷуд аст. Дастаи "Вахш"-и Қурғонтеппа бошад бозиҳои 7-умин аст, ки ғолибиятро нигаҳ медорад. Дар ин мусобиқа ҷанубиён дар майдони худ дастаи "Парвоз"- и Ғафуровро қабул намуда буданд. Вохӯрӣ бо ғолибияти "Вахш" бо ҳисоби 2:1 ба итмом расид. Бори охир ин даста дар майдони худ соли гузашта мағлуб гашта буд. Он санаи 1-уми августи соли 2015 буд, ки бо Истиқлол бозӣ намуда ҳисобро бо 0:3 ба хитима расонид.

 

Лентаи хабарҳо
0