КҲФ Тоҷикистон ҳаёти 4 нафарро наҷот доданд

© Flickr / brett jordanАвтомобили ба садам дучоршуда. Акс аз бойгонӣ
Автомобили ба садам дучоршуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи наҷотдиҳандагони вилояти Суғд мусофирони автомашинаи чаппашуда аз дохили он бароварданд.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Корамндони кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳаёти чор нафарро наҷот доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ автомашинаи Мерседес-Бенс ҳангоми ба суръати баланд ҳаракат намудан ба садама дучор шуд. Автомобил ба канали Тоҷикистони советӣ, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияти Мастчоҳи вилояти Суғд мавҷуд аст, чаппа мешавад.

Дарёи Сирдарё дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони КҲФ марди ғарқшудаистодароро наҷот доданд

"Ҳангмо садама дар автомашинаи хориҷӣ шаш нафар мусофирон буданд. Ба туфайли амалиёти босаводона ва фаврии наҷотдиҳандагони Идораи КҲФ дар вилояти Суғд даст дод, ки чор нафарро аз дахоли автомашина саломат бароранд. Мутаассифона 2 нафари дигар фавтиданд, кормандони идора ҷисми онҳоро аз дохили автомашина бароварданд ",- омадааст дар хабар.

Аз аввали соли 2016 аз тарафи кормандони КҲФ 14 нафар осебдидагони садамаҳо дар кӯҳҳо ва каналҳо наҷот дода шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо суръати ҳаракатро риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала