Дар Украина шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст

© Sputnik / Илья ПиталевҲабс. Акс аз бойгонӣ
Ҳабс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гумон бурда мешавад, ки мард бо гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ” ҳамкорӣ дорад. Ӯ ба сафи гурӯҳи террористӣ ҳамин сол дар Сурия аъзо гаштааст.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Суди шаҳрии Харков шаҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст, ки пештар дар ҳудуди Украина дастгир карда шуда буд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии прокуротураи вилоятӣ.

"Прокуратураи вилоятӣ ба суди ноҳиявии Киевскии вилояти Харков арзнома пешниҳод намуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Вай мард пештар барои ширкат дар ташкилоти байналмиллаии терористии бо ном "Давлати исломӣ" аз тарафи Интерпол кофтуков карда мешуд. Суд ҳабси пешакии гумонбаршавандаро 40 рӯз муайян кард",- омадааст дар хабар.

Тафтишот дар офиси марказии IKEA - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҷурми сармоягузорӣ ба ДИ гумонбар медонанд

Дар маълумот омадааст, ки ин муддат барои гирифтани дархости истирдоди ӯ аз мақомотҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Мувофиқи маълумоти прокуротура дастгиршуда соли 2016 ба ДИ ҳамроҳ шуда, пас аз чанд муддат ба Украина омад ва дар ҳамин ҷо дастгир шуд.

Ҷинояти шаҳрванди Тоҷикистон мувофиқи моддаи "зархаридӣ" ба додгоҳ кашида мешавад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар фурудгоҳи Киев марде боздошт гашт. Мувофиқи маълумотҳо ӯ аз туркия бар мегашт ва гумон бурда мешуд, ки вай бо ташкилоти террористӣ робита дорад.

Ин бори аввал нест, ки дар Украина шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир мекунанд. Ҳамин тавр ҳафтаи гузашта низ дар фурудгоҳи Лвов шаҳрванди Тоҷикистн дастгир шуд, ки барои аъзогӣ ба гурӯҳи террористии бо ном "Давлати исломӣ" гумонбар дониста мешуд.

Дар охирҳои моҳи июн дар фурудгоҳи Харков ду марди дигар, ки аз Туркия бар мегаштанд, дастгир шуданд. Онҳо пештар барои аъзогӣ ба ДИ ба кофтукови байналмиллаӣ эълон карда шуда буданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0