Дар Душанбе мусобиқаи тенниси Ҷоми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сар мешавад

Дар маркази Тоҷикистон мусобиқаи байналмиллаии теннис байни ҷавонон сар мешавад. Варзишгарон барои Ҷоми президенти кишвар мусобиқа мекунанд.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Мусобиқа аз санаи 23- юм то 27-уми август дар Душанбе баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони синашон аз 12 сола то 15 сола аз Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ширкат меварзанд.

Дар мусобиқа зиёда аз 60 варзишгарон баромад мекунанд, хабар медиҳад Федератсияи тенниси ҶТ. Ин аллакай 7-ум мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба ғолибон мукофотпулиҳо дода мешавад: ба ҷои якум: 7 ҳзр сомонӣ, ҷои дуввум 5,6 ҳзр сомонӣ,ба ҷои севвум 3,5 ҳзр сомонрӣ. Ҷуфти тенисчиёне, ки ҷои якум, дую, ва сеюмро гирифтаанд, ҳар яки онҳо 3,5 ҳзр., 2,8 ҳзр. Ва 1ҳзр. 750 сомонӣ мегиранд.

Ҳоло 7 ҳзр сомон тақрибан 900 долларро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала