Шевченко дар бораи мубориза зидди ифродгароӣ дар ҳабсхонаҳо

Хадамоти федералии ислоҳотии (ХФИ) Русия мақсад доранд, ки мутахассисонро барои мубориза зидди ифродгароии мазҳабӣ ҷалб намоянд. Мутахассисон бо маҳкумшудагон дарсҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва бо онҳо шахсан сӯҳбат менамоянд.

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik, Мария Шелудякова. Саркоҳинони православӣ ва рӯҳониёти мусалмон дар ҳабсхонаҳои Русия бо ифродгарои мубориза намебаранд, ин кори мақомоти тафтишотӣ мебошад, вазифаи онҳо расонидани кӯмаки рӯҳонӣ мебошад, мегӯяд ба Sputnik сиёсатшинос ва рӯзноманигор Максим Шевченко.
Ба фикри коршинос ВАО аз пайи ХФИ ин тарҷрибаеро, ки мехоҳанд ба воситаи рӯҳониён ба даст оваранд, нодуруст маънидод мекунад.

"Бо ифродгароӣ бояд мақомоти тафтишотӣ мубориза баранд. Ҳоло сухан дар бораи кӯмак ба ҳабсшудагон меравад, ки онҳо бояд ба ҷамъият бар гарданд",- қайд мекунад Шевченко.

Коршинос боварӣ дорад, ки чунин таҷриба дар ҳабсхонаҳои Русия зарур мебошад. Гузашта аз ин хело хубмешуд, агар ҳамкориҳои байни ХФИ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз ҷумла динӣ ташкил карда шавад. Аммо бояд аз тарзу усулҳои замонавӣ истифода бурд ва ба "вазъи ҳаҷви классики наафтид".

"Тасвири чӯпоне ба назар меояд, ки бо салиб ба назди камера меояу мегӯяд: "Тавба кун, писарам",- гуфт Шефченко. — Дар масъалаи муносибати маҳбуси сиёсӣ бо шубон рамани "Овод" аз тарафи Этел Лилиан Войнич навишта шудааст. Дар намуди дигари ин мавзӯъ дар "Бравый солдат Швейк" оварда шудааст, ки дар он ҷо муносибати маҳбосун бо ин масъала нишон дода мешавад. Бояд мо аз пойи он чорчубае наравем, ки онро аллакай адабиёти ҷаҳонӣ масхара кардааст.

Ба фикри коршинос меъёрҳои асосӣ бояд таъмин намудан бо маълумоти ҳатмии психологӣ ва инчунин қобилияти шунидан ва фаҳмидани одамоне, ки дар ҳолати стресс қарор доранд, мебошад.

Агар сухан дар бораи масъалаҳои динӣ равад, пас онҳо бояд одамони маълумотноки соҳаи дин бошганд. Бояд онҳо ба анъанаи динии маҳбусе, ки бо он сӯҳбат мекунанд тааллуқдошта бошанд.

Шевченко гуфта гузашт, ки худи мақоми расмии намояндаи дин наметавонад меъёр бошад.

"Мусулмононе, ки дар ҳабс мебошанд, ба гумон, ки дар бораи чизе бо муфтиҳои расмӣ сӯҳбат кунанд. Фақат инҳо бояд одамоне бошанд, ки онҳо метавонандба онҳо бовар кунанд, дар ин ҳолат ягон натиҷа ҳосил мешавад",- хулоса намуд Шевченко.

Дар ин ҳол Шевченко қайд намуд, ки ин амал алангаи зиддиятҳои диниро хомӯш кунад. То ҳол ба кор ҷамъ кардани мутахассисон давом дорад, аммо дар баъзе аз маҳбасҳонамояндаҳои динӣ аллакай ба кори худ сар карданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала