Тоҷикистон аз байни кишварҳои пасошӯравӣ дар БО ҷои 9-умро гирифт

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкМаросими пӯшидашвии 31-умин бозиҳои тобистона дар Рио-де-Женейро
Маросими пӯшидашвии 31-умин бозиҳои тобистона дар Рио-де-Женейро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷои аввал Русия меистад., нишондиҳандаи беҳтарини дуюмро варзишгарони ӯзбак нишон доданд, ки ҳамагӣ 13 ҷоиза ба даст овардаанд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. То ба охир расодани Бозиҳои олимпии тобистона Sputnik Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки ба нишондодҳои кишварҳои пасошӯравӣ дар бозиҳо назар афканед ва муқоиса намоед.

Байни давлатҳои собиқ ИҶШС мунтахаби тоҷикистон ҷои 9-умро гирифтааст.Пешвои мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров қаҳрамони ҳақиқӣ гардид. Зеро дар тӯли 20 сол аввалин медали тиллоро аз Бозиҳои олимпӣ ба даст овард.

Дар ҷойи аввал варзишгарони рус қарор доранд, ки 56 медал, 19 тои онҳо тилло ба даст овардаанд.Ҷои дуввумро варзишгарон аз Ӯзбакистон, ки 13 медал ба даст овардаву 4 тои он тилло мебошад, мегирад. Дар ҷои сеюм Қазоқистон қарор дорад, ки ҳамагӣ 17 медал ба даст овардааст ва 3 тои он тилло мебошад.

Кишварҳои собиқ аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ягон натиҷа ба даст наовардаанд: Латвия, Қирғизистон, Туркманистон мебошанд. Литва, Малдова ва Эстония медали тилло ба даст оварда натавонистанд ва ҳамчунин дар зинаи поён қарор гирифтаанд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров бо медали тилло ба Тоҷикистон бармегардад

Дар умум дар бозиҳои Рио-2016 Тоҷикистон ҷои 54-умро ба даст овардааст.

Варзишгарони Русия дар ҷадвали умумӣ ҷои чорумро гирифтаанд. Ӯзбакистон дар ҷои 21-ум қарор дорад. Ин байни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин нишондод аст. Мунтахаби Қазоқистон ҷойи 22-юм мегирад.

Дар рио 11544 нафар варзишгарон аз 207 кишвар ширкат варзиданд. 306 маҷмӯи медалҳо ба даст оварда шуд. Бозии навбат 32-умин БО ба ҳисоб меравад ва дар Токио дар соли 2020 баргузор мегардад.

 

Лентаи хабарҳо
0