Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон зиёд мешавад

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинШуморидани пулҳо
Шуморидани пулҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар омӯзиши некӯаҳволии занони соҳибхона “Садои Тоҷикистон”, ки аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ тайёр карда шудааст, моҳи июли соли 2016 зиёдшавии воқеии интиқолҳо то 981 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Имрӯз ҳаҷми воқеии интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон зиёд мешавад, омадааст дар таҳқиқоти некӯаҳволии соҳибхоназанони "Садои Тоҷикистон", ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ тартиб дода шудааст.

Ҳамин тавр дар  моҳи июли соли 2016 зиёдшавии воқеии интиқоли маблағҳо то 981 сомонӣ зиёд шудааст.

Қатораи боркаш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҶТ дар рейтинги логистикаи Бонки ҷаҳонӣ тақрибан 40 зина поён рафт

Қайд карда мешавад, ки ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо дар моҳи августи соли 2015 то нишондоди камтарин дар тамоми давраи таҳқиқот- то 632 сомонӣ паст рафта буд.

"Аз моҳи январ сар карда ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо нисбатан доимӣ боқӣ монд, новобаста аз он, ки дар моҳи майи соли 2016 нишондоди соҳибхоназаноне, ки маблағи пулӣ гирифтаанд зиёд шудан гирифт, он  дар моҳи июл 15% —ро ташкил дод.

Қайд карда мешавад, ки шумораи муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон бар мегарданд, ба монанди нишондоди муҳоҷироне, ки ҳоло берун аз кишвар кор мекунанд, аз моҳи май то июли соли 2016 нисбатан якхела боқӣ монд(қариб 2%).

Нишондоди муҳоҷироне, ки ҳоло кор мекунанд аз 75% аз моҳи ноябри соли 2015 қариб то 85% моҳи май-июли соли 2016 зиёд гардид.

"Аз моҳи августи соли 2015 нишондоди касене, ки муҳоҷиратро пеша кардаанд ва фикр мекунанд, ки аз Русия дида дар дигар ҷо кори беҳтар пайдо мекунанд хело зиёд гардид- 92-94%. Нишондоди муҳоҷироне, ки майли ба Қазоқистон рафтанро доранд аз моҳи сентябр то январ хело назаррас кам шудааст ва он дар сатҳи 3-5% боқӣ монааст", — қайд мегардад дар хабар.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0