Дар фурудгоҳи Душанбе чемпиони БО- Дилшод Назаровро пешвоз гирифтанд

© SputnikДар фурудгоҳи Тоҷикистон чемпиони БО Дилшод Назаровро истиқбол намуданд
Дар фурудгоҳи Тоҷикистон чемпиони БО Дилшод Назаровро истиқбол намуданд - Sputnik Тоҷикистон
Гурзандози тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло ба даст оварда ба Тоҷикистон бар гашт. Дар фурудгоҳи Душанбе вайро раиси шаҳри Душанбе , роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва садҳо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе во хӯрданд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар байни истиқболкунандагон писари калонии сарвари кишвар, президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар қарор дошанд.

Чемпиони Бозиҳои олимпӣ-2016 Дилшод Назаров таассуроти худро чунин  иброз намуд:

Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров бо медали тилло ба Тоҷикистон бармегардад

— Ман хушбахтам! Ман бениҳоят хушбахтам, ки тавонистам медали тиллои олимпӣ ба даст орам!- гуфт варзишгар. — Орзуи ман амалӣ гардид, ки дар роҳи он қувваву кӯшиши зиёд сарф намудаам. Бароям хело гуворо буд, ки пас аз мусобиқа маро сарвари кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикот кард. Ҳамчунин маро сарвазир ва прокурори генералӣ муборакбод намуд. Намегӯям, ки ғолибият бароям ба осонӣ даст додааст.  Мусобиқаи хуб буд, вале рақобати хуб ҳам буд. Ман хурсандам, ки барои кишварам медали тилло ба даст овардам. Ман барои ғолибият қувваи худро ҷамъ намуда будам, гарчанде, ки дуртар партофтани гурзро дар назар гирифта будам. Ҳоло аз ҳама муҳимаш медали тилло мебошад, боқимонда на он қадар муҳим нест. Ман хело хушбахтам. Ман то лаҳзаи охирин бозии белорусӣ Иван Тихонро интизор мешудам. Зеро медонистам, ки вай дар лаҳзаи охирон метавонад, қувваашпро зам намояд. Барои ҳамин то охир ман бозии ӯро интизор мешадам.

Мақсади шумо аз иштирок дар Рио аз чӣ иборат буд?

 Аз аввал ман мехостам медал ба даст орам. Ман ба қувваи худ боварӣ доштам. Аммо ягон пешгӯи намекардам. Ман фақат кӯшиш кардам, ки медал ба даст орам.

 Бо кӣ аввалин Шуда хурсандии худро тақсим намудед?

 Албатта оилаи дӯстдоштаи ман- вай ҳавасмандкунандаи асосии ман аст. Вай ҳамавақт маро дастгирӣ мекунад. Ман ба наздикон баъди мусобиқа зуд занг задам. Наздикони ман- модарам, ҳамсарам ва фарзандонам дар мсобиқа бо ман иштирок накунанд ҳам, ман ҳамавақт дастгирии онҳоро ҳис мекунам.

 —Ғолибиятро ба онҳо мебахшед?

— Пас аз Бозиҳои олимпӣ ман футболкаеро ба бар намудам, ки дар он сурати падарам нигошта шуда буд, ҳамин тавр ман ғолибияти хешро ба ӯ бахшидам. Ҳамчунин ба оилаи худ ва ба халқи тоҷикам мебахшам. Ин ғолибияти умумии мост! Он ҳамчунин ба Рӯзи истиқлолияти миллӣ бахшида шудааст. Ба ҳамаи ононе, ки маро дастгирӣ мекарданд ва ғолибияти маро интизор мешуданд, изҳори миннатдорӣ баён менамоям!

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала