БУ: оилаҳои тоҷик барои дигар эҳтиёҷоташон шуда дар хӯрок сарфа мекунанд

Мувофиқи маълумотҳои бонки умумиҷаҳонӣ 55% оилаҳои тоҷикӣ дар масрафҳои харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ сарфа мекунанд, то ин ки дигар эҳтиёҷоташонро қаноатманд гардонанд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон нишондоди соҳибхоназаноне, ки метавонанд маҳсолоти хӯроквораро кифоягӣ харидорӣ намоянд, дар моҳи июл зиёд гардид, ки мувофиқи тадқиқоти некӯаҳволии соҳибхоназанон "Садои Тоҷикистон"(ташкилшуда аз тарафи БУ) 70% соҳибхоназанонро ташкил дод.

Дар ин ҳол нишондоди соҳибхоназаноне, ки бояд баро дигар эҳтиёҷоташон шуда дар харидори намудани маҳсулоти хӯрока сарфа мекарданд, то 55% кам гардид.

"Моҳи июли соли 2016 нишондоди соҳибхоназаноне, ки амволи худро барои қонеъ намудани дигар эҳтиёҷоташон шуда ба фурӯш мегузоранд то 10% кам гардидааст",- омааст дар хабар.

Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки нишондоди соҳибхоеназаноне, ки барои қонеъ намудани талаботи асосӣ дар соҳаи тандурустӣ сарфа мекарданд, то 30% кам гардидааст.

Дар ҳоле ки даромади умумии аҳолии Тоҷикистон дар се моҳи озхир ба 22% зиёд гардид.

Шуморидани пулҳо - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон зиёд мешавад

"Моҳҳои аввали соли 2016 даромади умумӣ асосан аз ҳисоби кам шудани нишондодҳои соҳибхоназаноне, ки ягон намуди даромад доранд ва паст шудани даромади миёна аз фаъолияти кишоварзӣа фаъолияти инфиродӣ ба амал омад. Аммо аз моҳи апрел сар карда даромад аз ҳисоби интиқоли маблағи пулӣ, фаъолияти инфиродӣ, фаъолияти кишоварзӣ ва маоши корӣ зиёд мегардад ", — қайд карда мешавад дар тадқиқот.

Ноустувории даромадҳои дар тадқиқот пешниҳодкардашуда аз ҳисобит кам шудани маблағҳои интиқоли пулӣ, даромадҳо аз фаъолияти кишоварзӣ ва инфиродӣ вобаста мебошад.

Даромад аз ҳисоби маоши корӣ ва нафақа бетағир боқӣ мемонад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала