Президенти Русия ва Туркия дар Чин сӯҳбат мекунанд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Владимир Путин ва Таййиб Эрдӯғун санаи 26-уми август бо ҳам сӯҳбати телефонӣ намуданд ва ба хулоса омаданд, ки санаи 4-5 сентябр саммити Бистгонаи калон дар Чин ҳамсӯҳбат хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Чунонеки оҷонсии Anadolu бо истинод ба манбаи хусусии худ хабар медиҳад тарафҳо дар бораи расонидани кӯмаки башардӯстона ба Алеппои Сурия созиш намуданд.

Эрдӯғун ҳамкори руси худро дар бораи амалиётҳои Туркия дар шимоли Сурия хабар дод ва қайд намуд, ки якҷоя мубориза бурдани онҳо зидди гурӯҳи террористиии ба ном  "Давлати исломӣ"  ва дигар ташкилотҳои террористӣ хело муҳим аст.

Ғайр аз ин сарони давлатҳо дар бораи ба эътидол расидани муносибатҳои кишварҳояшон сӯҳбат намуданд.

Ёдрас мекунем, ки сарони ин ду давлат аввалҳои августи соли 2016 во хӯрданд ва муносибатҳои кишварҳояшоро барқарор карданд.

Муносибатҳои Анқара ва Маскав пас аз таркиши Су-24 Русия вайрон гардида буд. Пасон роҳбарияти Туркия якчанд маротиба иброз намуд, ки мехоҳад муносибатҳояшро бо Русия беҳтар намояд.

Лентаи хабарҳо
0