Динишҷӯёни тоҷик ба симпозиуми санъати Маскав меоянд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкМеҳмонони намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Меҳмонони намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар донишҷӯён аз 9 кишварҳои пасошӯрвӣ ширкат меварзанд. Намунаи эҷодиёти беҳтарини онҳо дар намоишгоҳи “Рассомони ҷовони кишварҳои ИДМ” гузошта мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Ҷавонони лаёқатманд аз кишварҳои ИДМ дар Маскав дар симпозиуми байналмиллаии ҳаштуми ҳайкалтарошон дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои санъат ширкат меварзанд, хабар додааст Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Чорабинӣ аз 29-уми август то 11-уми сентябр дар маркази Русия дар осорхонаи "Дом Бурганов" баргузор мегардад.

Дар умум дар ин симпозиум 100 нафар донишҷӯён аз кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Белорусия,  Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Малдова ва Ӯзбакистон ширкат меварзанд.

"Иштирокчиёни ин озмун бояд мустақилона дар мавзӯи ба онҳо ҷудокардашуда кори худро пешниҳод кунанд. Намунаи эҷодиёти беҳтарини онҳо дар намоишгоҳи "Рассомони ҷовони кишварҳои ИДМ" гузошта мешавад, ки дар осорхонаи "Дом Бурганова" баргузор мегардад",- омадааст дар хабар.

Барои иштирокчиёни ин симпозиум барномаҳои  васеъ тайёр карда шудааст, аз ҷумла лексияи коршиносони пешрафтаи соҳаи санъати муосир, мизи мудаввар дар масъалаи вазъи имрӯзаи омӯзиши санъат дар кишварҳои ИДМ, дарс ва таҷрибаомӯзиҳои бо иштироки устодони санъати Маскав, иштирок дар дарсҳои устодони Академияи санъати Русия ва Академияи давлатии санъат ва истеҳсолоти давлатии Маскав ба номи С.Г. Строгунов ва ғайраҳо мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0