Чемпионати Тоҷикистон: беҳтарин лаҳзаҳои футболи мусобиқа

© Фото : Официальный сайт ФФТФутболбозони дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ
Футболбозони дастаи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дафъа Sputnik Тоҷикистон мехоҳад, ки беҳтарин лаҳзаҳои бозии футболи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро ба хонандагон пешниҳод намояд.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар чемпионати футболи  имсолаи Тоҷикистон якчанд бозиҳои шавқовар буданд, ки дар он дастаҳо ба муваффақиятҳо ноил гардида буданд.  Sputnik Тоҷикистон гулчини онҳоро бароятон пешниҳод мекунад.

Дар бавраи 4-уми дастаи "Истиқлол" дастаи "Равшан"-ро бо ҳисоби хело калони 7:1 мағлуб гардонид. Дар ин вохӯрӣ аввалин тӯбро намояндаи дастаи "Равшан" Қадам Абилов ба дарвозаи "Истиқлол" зад. Аз дастаи ғолиб бошад Парвизҷон Умаров беҳтарин бозингари бозӣ дониста шуд.

Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ футболбози испании “Истиқлол” касби барқчигиро пеша кардааст

Ғайр аз ин дастаи "Регар-ТадАз" дастаи "Хуҷанд"-ро бар ҳисоби 3:0 мағлуб гардонид. Ин натиҷае буд, ки касе онро нигарон набуд. Дар 4 давраи гузашта  дастаи "Хуҷанд" низ ба монанди "Истиқлол" натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварда буд, он дар 3 бозӣ — 9 хол дар даст дошт. Аммо минбаъд ин дастаи пешрав "ақибнишинӣ" кард.

Дар давраи 6-ум бори дигар дастаи "Истиқлол" мухлисонашро шод гардонид. Ин дафъа вай дастаи "Вахш"-ро бар ҳисоби 6:3 мағлуб гардонид. Ин дар тамоми 7 давра яке аз бозиҳои диданбоб ба ҳисоб мерафт. Дар бораи дастаи "Вахш" бояд ҳаминро қайд намуд, ки 3 тӯбе, ки ба дарвозаи "Истиқлол" заданд, то ин вақт дар давоми 173 бозӣ ягон даста натавониста буд.

Дар ҳамин давра боз "Хуҷанд" ба дастаи "Хайр" — 1:5 мағлуб омад.  Аз бозие, ки дар Турсунзода доштанд, каме нагузашта буд, ки ин мағлубияти дуввум ба амал омад.  Дар аввал истодагарии гурӯҳи муқобил дар ҷарима, ҳимоягари "Хуҷанд"-ро маҷбур кард, ки ба хатогӣ роҳ диҳад. Пасон бозингарони беҳтарин ҳунари худро нишон доданд: Агблей Ҷонес, Менса Даниэл Абан ва Мисиам Иносен. Чунин ба охир расидани бозиро касе нигарон набуд.

Футболбозони мунтахаби Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Чиптаҳои бозии футболи дастаҳои Тоҷикистону Сурия ба фурӯш бароварда шуданд

Дар давраи 10-ум дастаи "Регар-ТадАз" дастаи "Вахш"-ро бо ҳисоби калони 1:5 тавонист, ки мағлуб гардонад ва барои мағлубияти худ дар давраи аввал бар ҳисоби 1:2 қасдашро гирад. Дар ин бозӣ Бахтиёр Чориев ва Ромиш Ҷалилов ду гол заданд ва ба он Нӯъмонҷон Ҳакимов голи ҷовобӣ зад. Дар тайми 2-юм дасти "турсунзодагиҳо" ба дарвозаи рақибашон се тӯби бе ҷавоб зада тавонистанд. Ин мағлубият барои "Вахш" имсол аз ҳама калонтарин гардид.

Дар давраи 11-ум дастаи "Ҳосилот" ба дастаи "Хайр" бар ҳисоби 6:0 ғолиб омад. Дар вохӯри дар шаҳри Вахш Комил Саидов тавонист, ки 5 тӯб занад. Як тӯби дигарро Наврӯз Рустамов ба дарвозаи меҳмонон равона намудааст.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0