Варзишгарони Бозиҳои олимпӣ ба Душанбе баргаштанд

© REUTERS \ Richard Heathcote/PoolДилшод назаров дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро.
Дилшод назаров дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаш нафар варзишгарони тоҷике, ки дар БО ширкат варзиданд ва мутаассифона ғолиб наомаднд ба ватан баргаштанд. Варзишгаронро рӯзноманигорон ва мухлисон пешвоз гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба аз шаҳри Рио-де-Женейро, ки дар он бозиҳои олимпӣ баргузор гардид, ба ватан бар гаштанд, хабар медиҳад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ.

Шаш нафар варзишгарон субҳи барвақт ба Душанбе баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмиллалӣ дасатаро намояндагони кумита, ҳаводорони варзиш ва рӯзноманигорон вохӯрданд.

Дар фурудгоҳи Тоҷикистон чемпиони БО Дилшод Назаровро истиқбол намуданд - Sputnik Тоҷикистон
Дар фурудгоҳи Душанбе чемпиони БО- Дилшод Назаровро пешвоз гирифтанд

Пештар варзишгари сабуки тоҷик- Дилшод Назаровро тамоми Тоҷикистон гарм пешвоз гирифта буд. Ӯро дар назди зинаи тайёра раиси шаҳри Душанбе, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва садҳо истиқоматкунандагони Душанбе вохӯрда буданд.

Тоҷикистонро дар бозиҳои Рио 7 нафар варзишгарон намояндагӣ мекарданд: Дилшод Назаров, Анвар Юнусов, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Кристина Пронженко, Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов.

Лентаи хабарҳо
0