Дар Остона калонтарин академияи хореографӣ кушода шуд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкХореография. Акс аз бойгонӣ
Хореография. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ҳама академияи хореографии калонтарини Осиёи Миёна метавонад кӯдаконро аз синфи 1-ум қабул кунад ва аз онҳо артисти ҳақиқӣ тайёр намояд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Академияи милии хореографии Қазоқистон, ки бо дастгирии сарпарастон бунёд гардидааст, бо иштироки президент Нурсултон Назарбоев ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.

"Мо имрӯз ботантана дар Остона мактаи санъат ифтитоҳ мекунем. Дар ин бино арбобони машҳури рақс ва болети миллӣ тарбия меёбанд. Дар ин ҷо анъанаҳои қазоқӣ васъат меёбад ва санъати рақс дар сарҳади ҷаҳонӣ рушд мекунад. Академияи миллии хореография дар тамоми Осиёи Миёна аввалин мактаби олии ин соҳа ба ҳисоб меравад. Дар он ҳам хонандагони қазоқ ва ҳам лаёқатмандони ҷавони дигар кишварҳо таҳсил хоҳанд кард",- менависад суханони президентро хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Назарбоев қайд намуд, ки таҳсил дар академия тамоми зинаҳои раванди таълимро дар бар хоҳад гирифт.

"Бо дар назардошти аҳамият ва беҳамтогии академияи хореография бо фармони ман ба он мақоми муассисаи таълмии олии миллӣ дода шуд. Шумо бояд дар ин мактаби санъат стандарти ягонаи таълими ватанӣ ташкил намоед. Боварӣ дорам, ки Шумо бренди милии нави миллии Қазоқистонро дар санъати рақс ва болет ташкил медиҳед",- мегӯяд Назарбоев.

Дар рафти маросим Назарбоев ба ректори академия Алтиной Асилмуратова тандиси раққосаро супорид.

"Сол ба сол ин тандис ҳамчун рамзи пешравии санъати рақс ва болет аз хатмкунандагон ба хонандагони дигар  супорида мешавад",- гуфт раисҷумҳури кишвар.

Лентаи хабарҳо
0