Котиби давлатии ИМА Қирғизистонро пешвои демократии ОМ номид

© AP / Brendan SmialowskiКотиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ. Акс аз бойгонӣ
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ.  Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи сиёсатмадори амрико имрӯз ин кишвари босубот ва тараққикунанда метавонад ба дигар кишварҳои минтақаъ намуна гардад.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ҳукумат ва халқи Қирғизистонро бо 25-умин солгарди истиқлолияти миллӣ муборакбод намуд.

"Моро бо ҷумҳурии Қирғизистон бисёре аз ӯҳдадориҳо рабт мекунанд-ӯҳдадориҳои демократӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва эътиқод, имкониятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва ғайраҳо. Имрӯз Қирғизистон — пешвои демократии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад",- омадааст дар табрикоти Керрӣ.

Ба гуфтаи вай кишвари босубот ва тараққиёбандаи Қирғизистон метавонад ба дигар давлатҳои минтақаъ ҳамчун намуна бошад.

Керри хотиррасон намуд, ки ИМА аке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Қирғизистонро эътироф кардааст ва ин ду давлатро аллакай чор аср аст, ки дӯстӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ пайванд мекунанд.

Рӯзи истиқлолияти миллӣ ҳамасола охирон рӯзи тобистон қайд карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала