Ӯзбакистон мехоҳад номи Ислом Каримовро абадзинда гардонад

© Wikipedia/ upyernozБинои парлумони Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қисми зиёди шаҳрвандони ин кишвар хоҳони онро доранд, ки номи фурудгоҳи асосии кишвар бо президенти марҳум номгузорӣ кунанд. Бархе аз дигарон ақида доранд, ки ба шарофати президенти Ӯзбакистон бояд ба кӯпрук,кӯча, боғ, майдонча ё маркази метроро дигаргун кард.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Пас аз ба хок супоридани президенти аввалини Ӯзбакистон дар кишвар мубоҳисаҳои доманадор пайдо гардиданд. Онҳо дар бораи баҳсҳои ба номи Ислом Каримов  номгузори кардани қисме аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ мебошанд, хабар медиҳад Sputnik Узбекистан.

Мувофиқи қарори қабулкардаи ҳукумат Шӯрои палатаҳои поёнӣ ва болоии парлумон дар ҳайъати  комиссияи махсус дар тӯли як моҳ аз санаи 2-уми сентябр сар карда, бояд пешниҳоди зиндагардонии хотираи якумин президенти Ӯзбекистонро омода сохта барои дида баромадан ба кабинаи вазирон пешниҳод намояд. Ғайр аз ин пешниҳод бояд ҳатман фикри халқро, ташкилот, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаро дар бар гирад.

Аксарияти мутлақи ӯзбакон фикр мекунанд, ки бояд фурудгоҳи байналмиллалии "Тошканд" ё "Самарқанд"-ро ба номи Ислом Каримов номгузорӣ кард.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намудаанд, ки ба хотири президенти бисёрсола Ислом Каримов аввалин кӯпруки қавсшакле, ки ба наздикӣ дар Ӯзбакистон кушода шуд, номгузорӣ карда шавад. Маҳз онро агар Ислом Каримов ба касалии сактаи майнаи сар гирифтор намешуд, шахсан ба истифода медод.

Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазъи саломатии Ислом Каримов бад шуд

Байни дигар ҳаводорони раисҷумҳури марҳум хоҳишмандоне пайдо гардидаанд, ки  яке аз кӯчаҳои марказии Тошканд, истгоҳи метро ва боғи марказиро ба номи вай номгузорӣ кунанад. Шумораи бисёри шаҳрвандони ӯзбак ақида доранд, ки бинои меъмории калонтарини марказие сохта, дар он бояд пайкара ва осорхонаи Ислом Каримовро ташкил дод.

Қисми ҷавонон андеша доранд, ки яке аз муассисаҳои таълими олии пойтахт ва майдончаи варзиширо ба номи президент номгузорӣ кунанд. Ҳамин тавр, дигарон дар ном додан ба хотири президент нақберо дар роҳи "Ангрен-Пап" ва ҳавопаймои нави Boeing 787 Dreamliner пешниҳод намудаанд.

Ҳамчунин пешниҳодҳои комилан афсонавӣ низ во мехӯранд- дигар кардани номи шаҳрҳои бузург чун Тошканд ва Самарақанд ҳамчунин майдони Амир Темур мебошад. Бисёреҳо барои додани мақоми расмӣ ба якчанд кӯчаҳои Ташканд, ки онҳо ба қавли "роҳи президент" машҳур гашта буданд. Маҳз тариқи ин роҳҳо ҳар саҳар раисҷумҳур ба кор равон мешуд ва бегоҳиҳо ба воситаи он бармегашт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала