Сарвари низомии ДИИШ шудани Ҳалимов муайян карда мешавад

© SputnikНавор аз хабари видеоӣ, ки он ҷо Гулмурод дар бораи граавидан ба ДИИШ хабар медиҳад
Навор аз хабари видеоӣ, ки он ҷо Гулмурод дар бораи граавидан ба ДИИШ хабар медиҳад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар баробари ин мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро мебояд, амалҳои эҳтимолии террористии ӯро дар қаламрави кишвар пешгирӣ намоянд, иттилоъ дод намояндаи дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ Муҳаммадризо Халифазода.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҳақиқат доштани хабар дар бораи командири собиқ ОМОН-и ҷумҳурӣ Гулмурод Ҳалимов, ки гӯё сарвари низомии "Давлати Исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) эълон шудаастро месанҷанд, иттилоъ дод намояндаи хадамоти матбуоти Пракуратураи генералии Тоҷикистон Муҳаммадризо Халифазода.

Гулмурол Ҳалимов дар кадр, ҳангоми эълон намудани ҳамроҳ шуданаш ба ДИ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Гулмурод Ҳалимов сарвари низомии “Давлати исломӣ” интихоб гардид

Командири ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зада, моҳи майи ҳамон сол тариқи хабари видеоӣ дар бораи ба ба ДИИШ гаравидани худ аз Сурия хабар дод. Ӯ ин амали худро ҳамчун норозигӣ аз кори намояндагони ВКД-и Тоҷикистон оиди масъалаи пӯшидани ҳиҷоб арзёбӣ карда буд. Рӯзи 3-юми сентябр ВАО-и Ироқ дар бораи интихоб гардидани Ҳалимов ба ҳайси сарвари низомии ин гурӯҳи ҷиноятпеша хабар дроданд. ИМА барои дарёфти маълумот дар бораи макони ҷойгиршавии ӯ 3 миллион доллари амрикоӣ тӯҳфа эълон намудааст.

"Сохторҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, то ҳақиқат доштани сарвари низомии Давлати Исломӣ интихоб гардидани Ҳалимов муайян карда шавад ва амалҳои эҳтимолии ӯ дар қаламрави Тоҷикистон пешгириӣ карда шавад",-гуфт Халифазода ба рӯзноманигорон.

Манбаи РИА Новости аз сохторҳои қудратӣ хабар медиҳад, ки  рӯзи душанбе Ҳалимов ба баъзе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ (шиносонаш) паёмакҳои табрикотӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар равон кардааст. Ин ҷашн рӯзи 9-сентябр таҷлил мегардад.

"Айни ҳол мо ин паёмакҳоро санҷида, мехоҳем муайян намоем, ки аз куҷо ва ба кӣ онҳо равон карда шудаанд",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Лентаи хабарҳо
0