ВАО: Ҳалимов ваъда додааст, ки Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлолият “муборакбод мегӯяд”

© SputnikАкс аз дохили навори изҳороти Ҳалимов дар бороаи гаравидан ба ДИИШ
Акс аз дохили навори изҳороти Ҳалимов дар бороаи гаравидан ба ДИИШ - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари низомии “Давлати исломӣ” Гулмурод Ҳалимов ба низомиёни тоҷик паёме ирсол намуда, иброз доштааст, ки рӯзи 9-уми сентябр ҳамаро бо ҷашни истиқлол табрик хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Собиқ роҳбари ОМОН-и тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба ватанаш дар бораи худ хотиррирасон намудааст, хабар медиҳад оҷонсии Reuters.

"Ду манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар эълон намуданд, ки Ҳалимов тариқи телефонҳои мобилии ба низомиёни Тоҷикистон паёмҳои гуногун ирсол намудааст",- омадааст дар хабар.

Дар паёмҳои худ ӯ ваъда медиҳад, ки ҳамаро рӯзи 9-уми сентябрбо Ҷашни истиқлолияти кишвар "табрик хоҳад кард". Ҳоло хадамоти амнияти кишвар ин амалро дида баромада истодаанд.

Гулмурол Ҳалимов дар кадр, ҳангоми эълон намудани ҳамроҳ шуданаш ба ДИ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Гулмурод Ҳалимов сарвари низомии “Давлати исломӣ” интихоб гардид

Оҷонсӣ қайд мекунад, ки паёми телефонии Гулмурод Ҳалимов аз рӯзи 4-уми сентябр — рӯзе, ки собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода кӯшиши табаддулоти сиёсӣ дар кишвар намуда буд, сар карда ба низомиён омада истодааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Гулмурод Ҳалимов  роҳбари низомии гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи ДИ қабул шудааст.

Расман дар бораи ба ин вазифа таин гаштани вай аз тарафи гурӯҳи террористии ДИ эълон нагардидааст. Зеро онҳо хавф доранд, ки Ҳалимов низ ба монанди собиқ роҳбарони низомии ин гурӯҳ зери ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор хоҳад гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала