Паралимпиада-2016: Додихудоев бозиҳои Рио-ро тарк мекунад

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар байни 14 нафар ширкаткунандагони пойга бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Раҳмихудо Додихудоев дар бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рӯи давидан ба масофаи 100 метр ноком шуд, иттилоъ медиҳад КМО ҶТ.

Додихудоев дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар байни 14 нафар ширкаткунандагони пойга бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Намуди Рио-де-Женейро аз кӯҳи Корковаду. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Паролимпиада- 2016 аз Тоҷикистон як варзишгар ширкат меварзад

Ҳамин тавр варзишгари тоҷик  ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии бозиҳои олимпии Рио-2016-ро аз даст дод.

Вале, бояд қайд намуд, ки Додихудоев қувваи худро ҳамчунин дар дигар навъи мусобиқа давидан ба масофаи 400 метр месанҷад.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ ҳашт нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки ду нафарашон аз Бразилия, якнафарӣ аз Эрон, Австрия, Куба, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин мебошанд. Дар мусобиқаи интихобӣ давандаи Бразилия Дос Сантос Петрусио Феррейра бо нишондоди 10,67 сония мақоми аввалро касб кард.

Раҳмихудо Додихудоев, ки 26-сола аст, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Раҳмихудо Додихудоев бо мошине, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, таксиронӣ карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ, имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.

Тарфбозии идона ба муносибати пӯшидашвии бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро - Sputnik Тоҷикистон
Пӯшидашавии Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейро: салюти идона

Дар давоми фаъолияти варзишии худ варзишгари тоҷик дар якқатор мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзидааст. Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кардааст. Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда тай намуд ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Бозиҳои XV тобистонаи Паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки 7 сентябр шуруъ шуданд, то 18 сентябр идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 4000 варзишгар аз 160 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала