Футболбозони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Братск муноқишаи оммавӣ барпо намуданд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давраи ниҳоии Ҷоми Иттиҳод байни дастаҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аз сабаби муноқишаи оммавии байни бозингарон ва мухлисон қатъ гардид.

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар яке аз шаҳрҳои Русия-Братск давраи ниҳоии Ҷоми Иттиҳод баргузор гардид. Дар бозии асосии мусобиқа дастаҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикстон ба майдон баромаданд.

Аммо дар ин бозӣ натавонистанд, ки ғолибро муайян кунанд. Задухӯрди миёни бозингарон ба хархаша бо мухлисон табдил ёфт. Вақте ки ҳисоб 2:1 ба ҳисоби бозингарони дастаи Тоҷикистон буд, як ду нафар бозиггарони дастаи муқобил дар майдон хостанд, ки муносибати худро муайян кунанд.

Дар ин лаҳза мухлисон хостанд, ки ҷанговаронро аз ҳам ҷудо кунанд, аммо худашон зери зарбаи ҳуҷумҳо монаданд. Барои кӯмаки онҳо дигар бозингарон ва мухлисон низ шитофтанд. Танҳо полис тавонист, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намояд.

 

Футболбозон бозиро давом надоданд, Ҷом бе муайян гардидани ғолиб ба охир расид.

Имсол дар мусобиқае, ки дар шаҳри Братск баргузор гардид, дастаҳо аз Тоҷикистонр, Ӯзбакистон, Арманистон, Қирғизистон, Русия ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Мароқангезаш ин  аст, ки ин бозӣ Ҷоми дуввуми Иттиоҳод ба ҳисоб меравад. Бозии аввалини он дар шаҳри Брантск соли гузашта барпо гардида буд. Мақсади ташкил гардидани мусобиқа беҳтар гардидани муносиҳои байни миллатҳои гунагуни байни истиқоматкунандагони шаҳри Братск ба ҳисоб мерафт.

Лентаи хабарҳо
0