ВАО: низомиёни Сурия тайёраи ҳарбӣ ва сарнишини Исроилро сарозер намуданд

Шоми душанбе ба сешанбе тайёраҳои ҳарбии Исроил дар ҷавоб ба тӯбе, ки ба ноҳияи баландиҳои Голан афтидааст, ба мақомҳои ҳарбии Сурия ҳамла овард.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Низомиёни ҳарбии Сурия тасдиқ мекунад, ки пас аз ҳуҷуми мавзеъҳои низомиёни Сурия дар вилояти Алқунейтра тайёраи ҳарбӣ ва сарнишини Исроилро сарозер намудааст.

Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Рейтер хабар медиҳад.

Аммо хадамоти матбуоти Ҳарбии Исроил ин ахборро шарҳ намедиҳад.

"Мо ба ин гуна нашриётҳо ҷавоб намедиҳем",- гуфтааст намояндаи ҳарбии Исроил Аре Шаликар.

Пештар хадамоти матбуоти Исроил хабар дода буд, ки шаби душанбе ба сешанбе тайёраҳои ҳарбии Исроил мавзеъҳои қушунҳои ҳарбии ҳукумати Сурияро дар ҷавоб ба  тӯби навбатӣ, ки ба қисми баландии Голан афтидааст ва онро давлати яҳудӣ назорат мебарад,  ҳуҷум овардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала