Дар Арабистони Саудӣ се ҳоҷии тоҷик даргузаштанд

© Sputnik Амир ИсаевҲайати ҳоҷиёни тоҷик зимни сафар ба Макка. Акс аз бойгонӣ
Ҳайати ҳоҷиёни тоҷик зимни сафар ба Макка. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар маросими ҳаҷ се шаҳрванди Тоҷикистон, ду мард ва як зан даргузаштанд. Онҳо дар қабристони “Шароеъ”-и шаҳри Макка ба хок супорида шуданд.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Арабистон зимни адои маросими ҳаҷ се нафар ҳоҷиёни тоҷик вафот кардаанд, хабар дод сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҶТ Афшин Муқим.

Бино ба гуфти Афшин Муқим, Сарабек Маҳмадов, яке аз ҳоҷиёни гузашта 62 сол дошта сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст ва Арал Шукурови 61-сола сокини ноҳияи Дӯстӣ буда, бино ба гуфтаи Кумитаи дин дар водии Мино ҷон додааст.

"Сабаби даргузашти ҳоҷиёни тоҷик баланд шудани фишори хун ва сактаи қалб шуд ва онҳо дар шаҳри Макка ба хок супорида шуданд",-гуфт ӯ.

Бино ба иттилои манбаъ шахсияти нафари сеюм то ҳол дақиқ карда нашудааст, вале маълум аст, ки ӯ зан мебошад.

Қурби доллар нархи ҳаҷро боло бурд

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ ҳангоми иҷрои маносики ҳаҷ ду нафар ҳоҷиёни тоҷик даргузашта буданд, онҳо сокини 66-солаи шаҳри Турсунзода Гулсара Тоҷиева ва сокини 51-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Соҷида Норова буданд, ки қаблан аз бемории қалб ранҷ мебурдаанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки имсол Арабистони Саудиро 1 миллион мусулмонон аз 160 кишвари дунё зиёрат мекунанд.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала