ФФТ: мунтахаби ҶТ дар ҷанҷол бо дастаи футболбозони ӯзбек даст надорад

© Официальный сайт ФФТМунтахаби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Мунтахаби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар хабар дода шуд, ки даври ниҳоии Ҷоми Иттиҳод байни дастаҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аз сабаби муноқишаи байни дастаҳо ва мухлисон қатъ гардонида шуд.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik.  Федератсияи футболи Тоҷикистон  муноқишаи мунтахабҳои ҶТ  ва Ӯзбакистонро  дар шаҳри Братск  инкор кард. Пештар хабар дода шуд, ки давраи ниҳоии Ҷоми Иттиҳод байни дастаҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аз сабаби сар задани ҷанҷол байни бозигарон ва мухлисон қатъ гардонида шуд.

Чуноне ки дар ФФТ изҳор доштанд сабқат байни намояндагони миллатҳои гунагон (диаспорҳо) гузаронида шуд.

"Расман арз медорем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин бозӣ даъвати расмӣ нагирифтааст ва мутаносибан ягон дастаро барои иштирок дар ин бозӣ равон накардааст. Ҳамин тавр дастае, ки дар мусобиқаи ҳаваскорона дар шаҳри Братск иштирок кардааст, наметавонад расман чун дастаи мунтахаби Тоҷикистон муаррифӣ карда шавад",- омадааст дар хабар.

Барои ҳамин ин гуна хабарҳо наметавонанд муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ҳамчунин байни ду федератсияҳои милли футболро  вайрон кунад, қайд намуданд дар ФФТ.

© SputnikФутболисты из Таджикистана в зарубежных клубах
Футболисты из Таджикистана в зарубежных клубах - Sputnik Тоҷикистон
Футболисты из Таджикистана в зарубежных клубах
Лентаи хабарҳо
0