Путин дар ҷаласаи ҷашнии ИДМ дар Бишкек ширкат мекунад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонк3 сентябри соли 2016. Президенти ФР Владимир Путин дар нишасти хабарӣ
3 сентябри соли 2016. Президенти ФР Владимир Путин дар нишасти хабарӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сарони давлатҳо натиҷаҳои фаъолияти иттиҳоди байнидавлатиро баррасӣ карда,оид ба самтҳои асосии рушди кишварҳои аъзо мубодилаи афкор хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин барои ширкат дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои-ИДМ ба шаҳри Бишкек меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.

Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон иштироки худро дар ҳамоиши Бишкек тасдиқ кард

"Владмир Путин дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мастаъқил дар Бишкек ширкат меварзад. Дар доираи 25 соли ташкилшавии ИДМ сарони давлатҳо аз фаъолияти иттиҳоди байнидавлатӣ натиҷагирӣ мекунанд, онҳо фикру ақидаҳои хешро др бораи рушди ояндаи ҳамкориҳои Иттиҳод баён хоҳанд кард",- омадааст дар хабар.

Интизорӣ меравад, ки дар поёни нишаст якчанд ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла изҳорот оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, оид ба мушкилии ҷаҳонии маводи мухаддир қабул карда мешаванд. Ҳамчунин ба нақши гирифта шудааст, ки қарорҳои ташкилотии Иттиҳод, аз ҷумла дар соли 2017 баргузор гардидани ҳамоиш дар Русия, ба имзо мерасад.

Пештар хабар дода шуд, ки бисёаре аз кишварҳои- аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон  иштироки худро дар ҳамоиш тасдиқ намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0