Дар Душанбе “Гӯшаи фарҳангии Амрико” дубора фаъол шуд

© Фото : Посольство США в ТаджикистанеИфтитоҳи дубораи гӯшаи фарҳангии Амрико дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Ифтитоҳи дубораи гӯшаи фарҳангии Амрико дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар чунин маркази хурди фарҳангӣ ҷавонони Душанбешаҳр имкон пайдо мекунанд, то ройгон ба омӯзиши забони англисӣ машғул шуда, аз истифодаи китобхона, тамошои фолмномаҳо ва кор бо компютер баҳравар шаванд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе дубора фаъолияти "Гӯшаи фарҳангии Амрико"-ро барқарор кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сафорат.

Дар маросими ифтитоҳи дубораи марказ, ки дар кӯчаи Толстой 66 ҷойгир аст, сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ширкат варзид.

Китобхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии собиқ омӯзгор ба 25-солагии истиқлолияти ҶТ

"Дар чунин марказҳои фарҳангӣ мардум имкон доранд аз омӯхтани ройгони забони англисӣ, истифодаи комютер ва технологияҳои замонавӣ, сӯҳбат бо донандагони забонҳои хориҷӣ, тамошои филмномаҳо ва ҳамчунин аз хондани ҳазорон китоб баҳравар шаванд. Мақомоти ИМА чунин марказҳои фарҳангиро ба хотири бунёди фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ки барои меҳмонон имкони гирифтани донишҳои нав ва шароити рақобатпазир шудан дар бозори меҳнати муосирро фароҳам меорад, маблағгузорӣ менамояд",-омадааст дар хабарнома.

Марказҳои фарҳангии Амрико дар Тоҷикистон ҳамчунин дар дигар шаҳрҳо аз ҷумла, Хуҷанд, Исфара, Қурғонтеппа, Кулоб, Хоруғ ва Ғарм низ мавҷуданд.

Меҳмонони маросими ифтитоҳи дубораи марказ аз "синфи умумӣ"-ҷое, ки тоҷикистониён метавонанд бо технологияҳои навтарини муосир чун 3D-принтер шинос шаванд, дидан карданд.

Пасон иштирокчиён дар чорабиниҳои шавқовари фарҳангию фароғатӣ ва флешмоб ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала